Супоридани мукофоти давлатӣ ва тақдими ҷоизаи пулӣ ба варзишгар Дилшод Назаров

Август 26, 2016 19:51

Душанбе, 26.08.2016. /АМИТ «Ховар»/.Шоми имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгари номдори мамлакат Дилшод Назаровро, ки баъди иштирок ва ба даст овардани медали тилоии Бозиҳои ХХХI – тобистонаи олимпии Рио-де- Жанейро -2016 дар бахши гурзандозӣ ба Душанбе омад, ба ҳузур пазируфтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар Дилшод Назаровро барои дастоварди олии варзишӣ самимона табрик гуфта барои хизматҳои бузургаш дар муарифии бештари давлату миллати тоҷик ва баланд бардоштани шарафи варзишии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ изҳори сипосу минатдорӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ба медали тиллоии мусобиқоти ҷаҳонӣ ноил шудани Дилшод Назаров дар таърихи соҳибистиқлолии мамлакат руйдоди фараҳбахшу беназир буда Тоҷикистонро машҳури ҷаҳон гардонид ва Парчами миллии давлати тозаистиқлолро партавафшону мардуми шарафманди ин сарзаминро боз ҳам ифтихорманду сарбаланд кард.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 2016 Дилшод Назаров барои саҳми намоён дар рушди варзиш ва дастоварди бузурги варзишӣ дар Бозиҳои ХХХI – тобистонаи олимпии Рио-де- Жанейро -2016 бо мукофоти давлатӣ Ордени Шараф дараҷаи I сарфароз гардонида шуд. Ин мукофоти давлатиро дар вазъияти тантанавӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Дилшод Назаров тақдим намуданд.

Бояд хотиррасон шуд, ки як сол муқаддам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дилшод Назаровро барои дастовардҳои намоёни варзишӣ ва рушди соҳаи варзиш бо мукофоти давлатӣ Ордени Шараф дараҷаи II сарфароз намуда буданд.

Ҳамчунин дар ин рӯз Пешвои миллат ба Дилшод Назаров 300 000 (сесад ҳазор) сомонӣ тақдим намуданд, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми августи соли 2016 аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки дар даври ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ шаби 19 — уми август соати 21:05 дақиқа бо вақти маҳаллӣ ва соати 5:05 дақиқа бо вақти Душанбе дар Варзишгоҳи олимпии шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 78 метру 68 сантиметр партофта дар байни 12 гурзандози номии ҷаҳон ғолибияти муттлақ ба даст овард ва Қаҳрамони Бозиҳои ХХХ1- тобистонаи олимпии Рио-де- Жанейро -2016 оид ба гурзандозӣ шуд.

Дилшод Назаров аввалин варзишгари тоҷик аст, ки баъди мақоми дувумро касб карданаш дар мусобиқоти ҷаҳонии силсилаи Гран-При оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79 метру 36 сантиметр ба Бозиҳои ХХХ1- тобистонаи олимпии Рио-де- Жанейрои Бразилия -2016 роҳхат гирифта буд.

Гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров 6 майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2015 дар Пекин, ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006, 2010 ва 2014, қаҳрамони секаратаи Осиё (солҳои 2009, 2013, 2015), қаҳрамони дукаратаи Осиё байни наврасон (солҳои 1999 ва 2001) мебошад.

Август 26, 2016 19:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо роҳбарону кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ биноҳои истиқоматии Агентии обуҳавошиносиро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зистро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе меҳмонхонаи 5 ситорадори “Кровн Плаза Душанбе”-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулуро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои СҲИ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар