Ҳунарнамоии устодони санъати Тоҷикистон ва Туркманистон дар Душанбе
Душанбе, 25.08.2016/АМИТ «Ховар»/. «Маҳз бо шарофати саъю талоши сарони Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳамкориии мутақобилан судманди ду кишвар дар соҳаҳои мухталиф, хусусан дар бахши илму фарҳанг беш аз пеш густариш меёбад». Ин матлабро Сафири Фавқулода ва Мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чорӣ Атаев зимни ифтитоҳи консерти муштараки устодони санъати ду кишвар, ки шоми 24 август дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир гардид, иброз дошт.
Консерти муштарак бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Туркманистон бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Туркманистон дар Душанбе баргузор гардида, ҳадафаш тақвияти равобити фарҳангӣ байни ду кишвар мебошад. Дар маросими ифтитоҳи ин маҳфили фарҳангӣ зикр гардид, ки мардумони тоҷику туркманро аз қадимулайём робитаҳои судманди илмию фарҳангӣ бо ҳам мепайванданд ва ин ҳамкорӣ дар солҳои Истиқлолияти давлатии ҳар ду кишвар вусъати тоза касб намуд. Далели ин баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ва Туркманистон дар Тоҷикистон, иштироки ҳайати илмию фарҳангии ҳар ду кишвар дар конфронсу симпозиумҳои илмию фарҳангӣ, нашри китобҳои шоирону нависандагони ҳар ду кишвар мебошад.
Ҳамзамон Абдуғаффори Абдуҷаббор, сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории консерти муштараки устодони санъати Тоҷикистону Туркманистонро дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Истиқлолияти давлатии Туркманистон қадами муассир дар роҳи тақвияти равобити илмию фарҳангии ҳар ду кишвари дӯст ва бародар арзёбӣ кард.
Дар маҳфил устодони санъати Тоҷикистону Туркманистон бо рақсу таронаҳои дилошӯб ва барномаи ҷолиби консертӣ ҳунарнамоӣ намуданд. Инчунин зимни баргузории консерти муштараки устодони санъати Тоҷикистону Туркманистон дастовардҳои илмию фарҳангии Турманистон ба намоиш гузошта шуд.








Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






