З. Назарова: Ин ғалабаи на танҳо Дилшод, балки тамоми миллати тоҷик аст

Август 26, 2016 09:34

Душанбе, 26.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Шоми 19 август бо вақти маҳаллӣ (субҳи 20 август бо вақти Душанбе) гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров  бо нишондоди 78,68 метр соҳиби  медали тиллои  мусобиқаи гурзандозии Бозиҳои тобистонаи олимпӣ-2016 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия гардид.

Пас аз шунидани ин муваффақияти варзишгари тоҷик Дилшод Назаров мо аз он ифтихор кардем, ки  кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ шуҳратёр гардид.  Аз муваффақияту музаффарияти ин  варзишгар зимни иштирок дар Бозиҳои ҷаҳонӣ  кулли мардуми кишвар эҳсоси сарбаландӣ намуда, ифтихор аз фарзанди шӯҳратманди диёр карданд.

Ғалабаи Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпии имсола дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия  воқеаи бисёр хуш ва  рӯзи хотирмон барои тамоми   тоҷикони дохил ва хориҷи кишвар гардид.

Ғалабаи  Дилшод Назаров миёни ҳамватанон ба як рамз табдил шуд – рамзи рӯҳбаландӣ, ифтихор аз миллату ватан, ифтихор аз Тоҷикистони азиз-давлати соҳибистиқлоли мо, ки имрӯз дар арафаи таҷлил аз 25-умин солгарди  он қарор дорем.

Бозиҳои олимпӣ як муқаддасоти умумибашариянд. Ин бозиҳо дар ҷаҳон хеле бонуфузанд ва вақте миёни кишварҳои муқтадир бо шарофати ғалабаи Дилшоди қаҳрамон парчами миллии Тоҷикистони азизи мо низ боло бардошта шуд, ин лаҳза барои тамоми мардуми тоҷик лаҳзаи тақдирсоз, воқеаи хуш, беҳтарин рӯзи ҳаёт гардид ва ҳамагонро якбора рӯҳбаланд кард.

Зайтуна Назарова- модар ва мураббии Дилшоди қаҳрамон дар баробари ҳашт миллион мардуми кишвар ифтихор аз фарзанди хеш дорад. Чӣ касе беҳтар аз модар метавонад фарзандашро муаррифӣ кунад? Ва он ҳам қаҳрамонеро чун Дилшоди гурзандоз.

Суҳбати мо бо ин модар, ки аз шодӣ ашки чашмонашро пинҳон карда наметавонад, дар мавриди ғалабаи Дилшод ва эҳсосоте, ки дар аввалин лаҳзаҳои шунидани ин хабари хуш модарро фаро гирифта буданд, сурат гирифт.

«Ховар»:  Муаллимаи меҳрубон, шуморо пеш аз ҳама,  бо ғалаба ва  соҳиби унвони чемпиони Бозиҳои 31-уми тобистонаи олимпӣ шудани   писаратон Дилшод Назаров табрик мекунем.

Шумо, ки модар ва шахси аз ҳама наздиктарини Дилшод  мебошед,     каме  дар бораи  ӯ ба мо маълумот медодед.

З. Назарова:  Дилшод дар оилаи варзишгар ба дунё омадааст. Ману шавҳари марҳумам тарбиятгирандагони    Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон  ба номи Саидмуъмин Раҳимов мебошем.  Пас аз хатм  ман ба  донишгоҳ ба кор  рафтаму  шавҳарам ба варзиши сабук  машғул шуд. Дар айни ҳол ман дар Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук  кор мекунам.  Дилшод аз хурдӣ ба варзиш майл дошт.

«Ховар»: Чаро Дилшод  маҳз ҳамин намуди варзишро интихоб кард?

З. Назарова:  Идеали ӯ дар риштаи варзиши сабук  Андрей Абдувалиев,   Устоди  варзиши Иттифоқи шӯравӣ ва Тоҷикистон, Устоди хизматнишондодаи варзиши Тоҷикистон, чемпиони Бозиҳои олимпии соли 1992 оид ба гурзандозӣ, чемпиони дукаратаи  ҷаҳон буд. Дилшод  аз синни 13   ба ин намуди варзиш машғул шуд. Ҳарчанд он  солҳо  хеле душвор буданд, вале писарам  ба душвориҳо нигоҳ накарда, ҳар рӯз ба варзишгоҳ мерафт.  Рӯзҳое буданд, ки нақлиёти мусофиркаш набуд, вале  ин садди роҳи ӯ намешуд ва ӯ пиёда барои тамрин  мерафт.

«Ховар»:    Буданд лаҳзаҳое, ки ӯ мехост аз варзиш даст кашад?

З. Назарова:    Не,  чунин ҳолатҳо  набуданд,  зеро ӯ дар пеши худ доим мақсад мегузошт  ва ҳама вақт кӯшиш ба харҷ медод,  то   ба мақсади худ расад.  Вай ҳар саҳар аввал ба тамрин мерафту  баъд аз он ба кор. Баъди кор боз ба майдони варзишӣ  рафта, соатҳо тамрин мекард. Вай аз саҳар то шом ба варзиш машғул  мешуд.

«Ховар»:  Тавре ки медонем, пас аз ба   Рио-де-Жанейро рафтан Шумо бо Дилшод доим дар тамос будед. Пас аз гирифтани медали тилло Дилшодро чӣ эҳсосе фаро гирифта буд?

З. Назарова:  Мо бо Дилшод  ҳамарӯза дар тамос будем. Вақте ки ӯ ғалаба кард, ба ман занг заду бо овози гирён гуфт: «модарҷон, мо тавонистем. Боварам намеояд, ки  ман тавонистам».

Баъди 1 рӯзи ғалабааш ӯ боз ба ман занг зада гуфт, ки «модарҷон,  акнун ман бовар  кардам, ки дар ин мусобиқа ғалаба кардааму соҳиби медали тилло гаштам ва он бо ман аст».

Маро дар ин лаҳзаҳо ҳолате фаро гирифт, ки онро бо сухан наметавон тасвир кард. Он ҳолатро танҳо дарк метавон кард.

 Бояд гӯям, ки  ин ғалабаи на танҳо Дилшод, балки тамоми миллати тоҷик аст.  

Дилшод Назаров соли 2015 дар гурзандозӣ дар Ҷоми ҷаҳон сазовори медали нуқра, солҳои 2006, 2010, 2014 ғолиби бозиҳои осиёӣ ва солҳои 2009, 2013, 2015   чемпиони Осиё гардидааст.

Ҳамзамон дар се бозии олимпии тобистонаи қаблӣ, яъне солҳои 2004, 2008 ва 2012 иштирокчӣ буда, соли сипаришуда аз байни варзишгарони Тоҷикистон якумин варзишгаре буд, ки роҳхати Бозиҳои олимпии   Рио-де-Жанейро- 2016-ро ба даст овард.

Мусоҳиб Ибодат Давлатова

Август 26, 2016 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»
ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД. Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин
«МАН БА МАРДУМИ ТОҶИК ҲАВАС МЕБАРАМ, КИ ДАР ЧУНИН ТАБИАТИ ЗЕБО УМР БА САР МЕБАРАНД…». Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои манзараҳои Тоҷикистон
ИҚДОМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ҶОМЕАИ ҶАҲОНРО БА ҲАМ ОВАРД! Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои дараи Ромит
ТОҶИКИСТОН — ШВЕЙТСАРИЯИ ДУЮМ. Меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси оби Душанбе аз тамошои манзараҳои дилфиреби Варзоб, хусусан оби мусаффои дарёи Сиёма ангушти ҳайрат газиданд
ИЛМ АҲЛИ ЗИЁРО БА СӮИ ДАСТОВАРДҲОИ БЕНАЗИР РАҲНАМОӢ МЕНАМОЯД. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо аҳли илм ва маорифи мамлакат