27 сентябр Рӯзи ҷаҳонии туризм: Такмили қонунгузорӣ- омили рушди сайёҳӣ

Сентябрь 23, 2016 17:41

Душанбе, 24.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар  арафаи Рӯзи ҷаҳонии туризм, ки ҳамасола 27 сентябр дар тамоми ҷаҳон  ҷашн гирифта мешавад, 24 сентябр бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади татбиқи босамари «Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017» дар меҳмонхонаи «Лотос»-и шаҳри Душанбе дар мавзўи «Такмили қонунгузорӣ омили рушди сайёҳӣ»  семинари ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад.

Дар он  доираи васеи масъулини соҳа иштирок мекунанд. Дар  семинар масъалаҳои  такмили  қонунгузории соҳаи сайёҳии кишвар мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Такмили қонунгузории соҳаи сайёҳӣ барои беҳдошти фаъолият дар ин самт нақши асосӣ дошта, номукаммал будани заминаи меъёрию ҳуқуқӣ барои рушди минбаъдаи он монеаи ҷиддӣ мегардад.

Тавре ки аз хадамоти матбуоти кумита ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар кори семинар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди туризми дохилӣ» аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуда, мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Ҳамкорӣ ва саъю кӯшиши якҷояи сохторҳои давлатию хусусӣ барои рушди соҳаи туризм дар асоси қонунгузории дурусти соҳавӣ сабаби эҳёи босуръати ин соҳа гардида,  он метавонад барои сарчашмаҳои нави даромади буҷет ва даромадҳои шахсӣ, таъмини шаҳрвандон бо ҷойҳои нави корӣ ва паст гардидани сатҳи камбизоатӣ мусоидат намояд. Инчунин такмили қонунгузории дурусти соҳа омили мусоидаткунанда барои ба раванди ҷаҳонии туризм шомил шудани Тоҷикистон хоҳад гашт.

Сентябрь 23, 2016 17:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад