Ҷалолиддини Балхӣ-шоире, ки мехост Шарқу Ғарбро бо ҳам васл кунад
Хоруғ, 30.09. 2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев конфронси илмию оммавӣ бахшида ба солрӯзи шоир, ориф ва мутафаккири Шарқ Ҷалолиддини Балхӣ бо ширкати донишҷӯёну олимони ин донишгоҳ баргузор гардид. Номзади илмҳои филология Лаълҷубаи Мирзоҳасан ин шоири оламшиноси шарқро дар радифи бузургтарин шахсиятҳои таъсиргузори ҷаҳон унвон карда, гуфт, ки баъди гузашти бештар аз 800 сол ҳанӯз ҳам миллатҳои мухталифи олам барои посух ҷустан ба мушкилоти зиндагии худ ба ашъори Мавлоно муроҷиат мекунанд. Китобҳояш ҳамасола бо теъдоди зиёд дар Шарқу Ғарб ба нашр мерасанд ва миллионҳо хонанда доранд. Соли 2011 китоби «Маснавии маънавӣ» яке аз пурхонандатарин китоб дар Амрико шумурда шуд. Лаълҷубаи Мирзоҳасан сабаби маҳбубияти ӯро дар тарғиби ғояҳои умумибашарӣ, даъват ба ваҳдату ҳамгироӣ, дурӣ ҷустан аз кинаву адоват, дӯстӣ миёни адёни мухталиф мешуморад, ки ҳанӯз ҳам дархӯри ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд.
Вақте ки Балхӣ аз дунё даргузашт, ҳазорон нафар мусулмону масеҳиву яҳуд ва намояндагони адёни дигар аз қафои тобуташ равон шуданд ва ҳар яке аз инҳо мегуфтанд, ки Мавлоно аз они мост. Устоди донишгоҳ бо муроҷиат ба шогирдони худ баён дошт, ки шумо низ аз ин фарзанди бузурги миллати мо ибрат гиреду коре кунед, ки арзандаи ин миллату ватан бошед.
Донишҷӯёни донишгоҳ дар пайравӣ ба порчаҳои китоби «Маснавии маънавӣ» саҳначаҳои ҷолиб таҳия ва пешкаши ҳозирин гардонданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






