Ҳамаи ҳоҷиёни тоҷик ба Маккаи мукаррама расиданд
Макка, 06.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. 6-уми сентябри соли равон охирин гурӯҳи ҳоҷиёни Тоҷикистон аз самти Душанбе ба Маккаи мукаррама расид. Ин гурӯҳи 300-нафараи зоирин парвози худро аз тариқи ширкати ҳавопаймоии «Флай-нос»-и Арабистони Саудӣ анҷом доданд. Ҳоло ҳоҷиёни Тоҷикистон дар ду меҳмонхонаи атрофи Ҳарам ҷойгир карда шудаанд ва баъди адои маносики умра ҳоҷиён ибодатҳои худро дар Хонаи Худо идома дода истодаанд.
Дар назар аст, шоми 9-уми сентябр интиқоли ҳоҷиён ба Мино оғоз гардад. Баъди адои ҳаҷ ҳоҷиёне, ки аз самти Душанбе ба Ҷидда сафар намудаанд, ба Мадинаи мунаввара сафарбар мешаванд. Аммо ҳоҷиёне, ки аз самтҳои Душанбе ва Хуҷанд ба Мадинаи мунаввара парвоз анҷом дода буданд, дар назар аст, шурӯъ аз 17-уми сентябр ба Ватан сафарбар шаванд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Афшини Муқим аз шаҳри Маккаи мукаррама хабар дод.













«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






