Ҳамарӯза аз фермаи «Мадина»-и ноҳияи Ёвон ба Комбинати коркарди шири Душанбе 600-650 литр шири хушсифат мебаранд
Ёвон, 22.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Фермаи ширию молии ҶДММ «Мадина»-и ноҳияи Ёвон соли 2013 барои нигаҳдории 1200 сар чорвои калони шохдор бо маблағи 300 ҳазор доллари ИМА дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Даҳана ташкил карда шудааст. Ҳамон сол аз Ҷумҳурии Беларус ба ферма 60 сар ғуноҷини зоти «сиёҳало» ворид гардида буд, ки айни замон шумораи онҳо ба 138 сар расидааст (аз он 50 сар модагов).
Чорводорони ферма барои фасли зимистон барои ҳар саршумори шартӣ 18-19 сентнер воҳиди хӯрокӣ захира менамоянд. Модаговҳои фермаи мазкур ҳоло дар як сол 3200-3300 литр шир медиҳанд ва бо калонсол гардидани онҳо ин нишондиҳанда то ба 405 литр мерасонанд.
Айни замон ҳамарӯза аз ферма 600-650 литр шири хушсифат ба Комбинати коркарди шири Душанбе фиристода мешавад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






