Ҳамарӯза аз фермаи «Мадина»-и ноҳияи Ёвон ба Комбинати коркарди шири Душанбе 600-650 литр шири хушсифат мебаранд

Сентябрь 22, 2016 08:03

Ёвон, 22.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Фермаи ширию молии ҶДММ «Мадина»-и ноҳияи  Ёвон соли 2013 барои нигаҳдории 1200 сар чорвои калони шохдор бо маблағи 300 ҳазор доллари ИМА дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Даҳана ташкил карда шудааст. Ҳамон сол аз Ҷумҳурии Беларус ба ферма 60 сар ғуноҷини зоти «сиёҳало» ворид гардида буд, ки айни замон шумораи онҳо ба 138 сар расидааст (аз он 50 сар модагов).
Чорводорони ферма барои фасли зимистон барои ҳар саршумори шартӣ 18-19 сентнер воҳиди хӯрокӣ захира менамоянд. Модаговҳои фермаи мазкур ҳоло дар як сол 3200-3300 литр шир медиҳанд ва бо калонсол гардидани онҳо ин нишондиҳанда то ба 405 литр мерасонанд.
Айни замон ҳамарӯза аз ферма 600-650 литр шири хушсифат ба Комбинати коркарди шири Душанбе фиристода мешавад.

Сентябрь 22, 2016 08:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад