Ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Япония таҳким меёбанд

Сентябрь 14, 2016 13:51

Душанбе, 14.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ 9 сентябр бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Япония-Токио Тору Ишида мулоқот анҷом дод.
Зимни он ҷонибҳо роҷеъ ба таҳкими ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои вобаста ба имконияти ба роҳ мондани ҳамкории мустақим миёни палатаҳои савдо ва саноати ду кишвар, сохторҳои соҳавӣ ва соҳибкоронро бо назардошти имкониятҳои фаровони мутақобилаи истифоданашуда мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сафири Тоҷикистон дар бораи вазъи тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузории кишвар, рушди мунтазами ин соҳаҳо ва навовариҳо дар фаъолияти соҳибкорӣ сухан намуд.
Ҷонибҳо таъкид карданд, ки баргузории вохӯриҳо ва чорабиниҳо миёни намояндагони соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистону Япония нақши муассир дар тавсиаи ин самт хоҳад дошт.

Сентябрь 14, 2016 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад