Ба истифода додани маҷмааи варзишии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт
Душанбе, 27.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Маҷмааи муҳташами варзишии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт иштирок намуданд.
Пешвои миллат бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти ин маҷмааи варзишӣ оғози расмӣ бахшида, аз шароиту имкониятҳои фароҳамоварда шинос шуданд.
Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки лоиҳаи ин иншооти варзишӣ аз ҷониби Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи «Пажуҳишгоҳи илмӣ, лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯии САНИИОСП» омода гардида, иншоот аз ду қисм иборат мебошад.
Бинои 1-ум аз толори варзишӣ бо ҳазору 790 ҷойи нишаст ва бинои 2-юм аз 3 ошёна иборат аст.
Дар ошёнаи 1-ум утоқи корӣ барои роҳбарият, ошёнаи дуюм барои бозиҳои шашка, шоҳмот, тенниси рӯйи миз, утоқи либосивазкунӣ, ошёнаи сеюм бошад дорои толори машқ, фитнес-зал, ошхона, утоқҳои маъмурӣ, духтуру ҳамшираи шафқат, лавозимоти варзишӣ ва утоқҳои машғулиятҳои умумӣ мебошад.
Дар як тарафи паҳлӯи толори варзишӣ пешайвон барои 40 ҷой барои шореҳон ва кормандони матбуот пешбинӣ шудааст.
Маблағи корҳои сохтмонию васлгарии иншооти мазкур 18 миллону 668 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
26 –уми августи соли 2011 аснои сафари корӣ ба ноҳияи Рашт Пешвои миллат дар назди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт санги асоси ин иншооти варзиширо гузошта буданд.
Корҳои сохтмонии ин маҷмааи варзишӣ соли 2012 оғоз гардида, дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни фархундаи миллати тоҷик 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд сохта ба истифода дода шуд.
Фармоишгари ин иншооти варзишӣ Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби коргарони Ҷамъияти дорои Масъулияти Маҳдуди «СТС-ИНШООТ» ба анҷом расонида шудааст.
Имрӯз дар ноҳияи Рашт 16 толор, як маҷмааи варзишӣ ва як мактаби варзишӣ барои ҷавонон ва наврасон амал мекунад.
Фақат дар мактаби варзишӣ беш аз 400 нафар ҷавонон аз рӯи 10 намуди варзиш машқу тамрин менамоянд.
Маҷмааи варзишии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дар минтақа нахустин ва бузургтарин маҳсуб меёбад, зеро бо тамоми таҷҳизоти замонавии варзишӣ таъмин аст.
Маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат нисбат ба соҳа, варзишгарони кишвар дар риштаҳои гуногуни варзиш Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва номи давлати соҳибистиқлолро баланд мебардоранд.
Акнун бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин иншооти варзишӣ имкон фароҳам гардид, ки бо истифода аз тамоми шароти замонавӣ, аз ҷумла толорҳои варзишӣ муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ аз қабили гӯштини миллӣ, бозиҳои шашка, шоҳмот, тенниси рӯйи миз ва ғайра доир карда шаванд.





















Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






