Бузургдошти ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон дар Файзободи Афғонистон

Сентябрь 14, 2016 14:32

Душанбе, 14.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. 9 сентябри соли 2016 дар бинои Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзободи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон вобаста ба таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазироии ботантанаи расмӣ баргузор гардид. Умед Назаров, Консули Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод дастовардҳои Тоҷикистонро дар даврони  Истиқлолият таъкид намуда,  ҳолат ва дурнамои ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистону Афғонистонро барои рушди минтақа муҳим арзёбӣ намуд.
Волии Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Аҳмад Файсал Бекзод мардуми Тоҷикистонро бо таҷлили солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, оид ба ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, дурнамои ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ миёни ду кишвар сухан ронд.
Ҳамчунин филми мустанад ва видео-наворҳо дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, фарҳанг, ҷойҳои таърихию табиати кишвар ва наворҳои намоишҳои фарҳангии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешкаши меҳмонон гардид.

Сентябрь 14, 2016 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа