Cеминари омӯзишӣ вобаста ба фаъолияти ниҳодҳои электронии баҳисобгирии аҳолӣ

Сентябрь 22, 2016 08:55

Душанбе, 22.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. 20-21 сентябри соли 2016 бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Матбааи давлатии Австрия семинари омӯзишӣ вобаста ба фаъолияти ниҳодҳои электронии баҳисобгирии аҳолӣ баргузор гардид. Дар кори нишаст намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ВКХ Тоҷикистон хабар доданд.
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва директори кулли Матбааи давлатии Австрия профессор Рейнхарт Густерер ба ҳамоиш ҳусни оғоз бахшиданд.
Иштироккунандагон оид ба истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои ба таври фаврӣ ва мукаммал дастрас кардани иттилооти мавриди ниёз ба шаҳрвандон, мақомоти гуногуни давлатию сохторҳои ҷамъиятӣ ва таъмин намудани хизматрасониҳои давлатӣ ибрози андеша карданд. Дар ин замина нақши ниҳодҳои электронӣ вобаста ба баҳисобгирии аҳолиро дар пешбурди Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ баланд арзёбӣ намуданд.

Сентябрь 22, 2016 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад