Дар Душанбе мусобиқаи гӯштини миллӣ доир гардид

Сентябрь 19, 2016 16:52

Душанбе, 19.09.2016. /АМИТ Ховар/. 17 сентябри соли равон ба муносибати 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ва Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид. Дар он роҳбарияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Федератсияи футбол, Федератсияи гӯштини миллӣ, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, намояндагони ВАО ва дигар мухлисону ҳаводорони варзиш иштирок намуданд.
Дар мусобиқаи варзишӣ паҳлавонони вилояти Суғд, вилояти Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе ширкат намуда, аз рӯи вазнҳои 65-80+90 байни ҳам рақобат карданд.
Дар ин мусобиқаи варзишӣ шоҳҷоиза- се мошини сабукрав барои паҳлавонон гузошта шуда буд.
Бояд зикр кард, ки паҳлавонон дар вазни 65 кило Хоҷазода Беҳрӯз, дар вазни 80 кило Соҳиб Ҳакимов ва дар вазни +90 кило- иштирокчии Бозиҳои олимпии Рио-2016 Комроншоҳи Устопириён бар ҳамаи рақибонашон ғолиб омада, сазовори медалҳои тилло ва шоҳҷоиза гардиданд.

14354947_968306869981632_5043365514999789569_n

Сентябрь 19, 2016 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад