Дар ноҳияи Ҳамадонӣ корхонаи хурди саноатӣ ба истифода дода шуд

Сентябрь 22, 2016 09:14

Ҳамадонӣ, 22.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳамадонӣ дар рӯзҳои ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Дашти-Гуло аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ корхонаи хурди ордбарорӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Тавре Маъдӣ Орифӣ, раиси Ҷамоати деҳоти Дашти-Гуло иттилоъ дод, баъди таҷдиди сохтори кишоварзӣ ва дар заминаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ташкил намудани хоҷагиҳои хурди деҳқонию инфиродӣ замин соҳиби аслии хешро пайдо намуда, истифодаи оқилонаи он ба роҳ монда шуд.
Аксари хоҷагиҳои деҳқонӣ дар кишти аввал дар қитъаҳои замини хеш гандум ва дигар намуди ғалладонагӣ корида, барои коркард ва истеҳсоли орд мушкилӣ доштанд. Бо ифтитоҳи корхонаи нав деҳқонон метавонанд маҳсули дастранҷи хешро бо хароҷоти камтарин дар ҷамоати худ коркард намоянд.
Хамчунин дар ҷамоати деҳоти Дашти-Гуло як коргоҳи хурди истеҳсоли кулчақанду шириниҳо фаъол шудааст, ки панҷ нафар занони маҳаллӣ дар он бо кор таъмин гардиданд.

Сентябрь 22, 2016 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад