Дар ноҳияи Б. Ғафуров раиси ноҳия ва ҳашарчиён дар пахтачинӣ кумак намуданд
Душанбе, 22.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷамъоварии пахта вусъат мегирад. Рӯзи якшанбе раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ, кормандони шуъбаву бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, идораву ташкилот, сокинони ҷамоатҳо, саҳмдорон ва аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ, дар маҷмӯъ 7785 нафар ихтиёриён дар кооперативи тиҷоратӣ-истеҳсолии ба номи Турсун Қушматови ноҳия дар чидани пахта ба чинакчиён кумак намуданд.
Бино ба маълумоти Раёсати кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар ин рӯз чинакчиён зиёда аз 350 тонна пахта чида, ба хирмани давлат супориданд.
Мувофиқи пешбинӣ ҳосили пахта дар ноҳия ба 13 ҳазор тонна мерасад, ки нисбат ба соли гузашта 3 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Дар ноҳия 4 корхонаи коркарди пахта мавҷуд аст, ки барои қабул ва коркарди ин навъи маҳсулоти ватанӣ омода мебошанд.
То 15 сентябр дар 6 ҳазор хоҷагии кишоварзии ноҳия зиёда аз 1783 тонна пахта ҷамъоварӣ ва ба корхонаҳои коркард супорида шудааст, ки ин 14 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






