Дар ноҳияи Б. Ғафуров раиси ноҳия ва ҳашарчиён дар пахтачинӣ кумак намуданд

Сентябрь 22, 2016 08:02

Душанбе, 22.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷамъоварии пахта вусъат мегирад. Рӯзи якшанбе раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ, кормандони шуъбаву бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, идораву ташкилот, сокинони ҷамоатҳо, саҳмдорон ва аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ, дар маҷмӯъ 7785 нафар ихтиёриён  дар кооперативи тиҷоратӣ-истеҳсолии ба номи Турсун Қушматови ноҳия  дар чидани пахта ба чинакчиён кумак намуданд.
Бино ба  маълумоти Раёсати кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар ин рӯз чинакчиён зиёда аз 350 тонна пахта чида, ба хирмани давлат супориданд.
Мувофиқи пешбинӣ ҳосили пахта дар ноҳия ба 13 ҳазор тонна мерасад, ки нисбат ба соли гузашта 3 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Дар ноҳия 4 корхонаи коркарди пахта мавҷуд аст, ки барои қабул ва коркарди ин навъи маҳсулоти ватанӣ омода мебошанд.
То 15 сентябр дар 6 ҳазор хоҷагии кишоварзии ноҳия зиёда аз 1783 тонна пахта ҷамъоварӣ ва ба корхонаҳои коркард супорида шудааст, ки ин 14 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Сентябрь 22, 2016 08:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!