Дар ноҳияи Лахш дар замони истиқлолият 261 нафар тибқи квотаи президентӣ донишгоҳу донишкадаҳои олии Тоҷикистону Қирғизистонро хатм намуданд

Сентябрь 22, 2016 08:01

Лахш, 22.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгириҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифи ноҳияи Лахш дар тӯли 25 соли Истиқлолияти давлатӣ ба муваффақиятҳои калон ноил гардид. Аз ҷумла, дар ин солҳо зиёда аз ёздаҳ мактаб ба истифода дода шуд. Агар шумораи умумии мактабҳои таҳсилоти умумӣ, асосӣ ва ибтидоӣ соли 1991- 48 адад бошад, ҳоло шумораи онҳо ба 61 адад расидааст, ки ин барои бо таълими асосии хатмӣ фаро гирифтани кӯдакону наврасони синни мактабӣ басанда мебошад. Шумораи умумии хонандагон дар соли 1991, ҳамагӣ 12197/5819 нафарро ташкил медод. Ин шумора дар соли 2016 ба 13 184 нафар расидааст, ки аз ин 6376 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.
Бо мақсади бо кадрҳои дорои маълумоти  олӣ таъмин намудани соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия имрӯзҳо 1143 нафар донишҷӯён дар мактабҳои олии кишвар ва Ҷумҳурии Қирғизистон таҳсил доранд.,
Айни замон 155 нафар писарону духтарон тибқи квотаҳои президентӣ, аз  ҷумла дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 107 нафар ва дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Қирғизистон 48 нафар таҳсил доранд.
Дар соли 2015 тибқи квотаи президентӣ 27 нафар ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 26 нафар ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Қирғизистон дохил гардиданд.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар зиёда аз 261 нафар писарону духтарон тибқи квотаи президентӣ донишгоҳу донишкадаҳои олии Тоҷикистону Қирғизистонро хатм намуданд.

Сентябрь 22, 2016 08:01

Хабарҳои дигари ин бахш

SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд