Дар ноҳияи Лахш дар замони истиқлолият 261 нафар тибқи квотаи президентӣ донишгоҳу донишкадаҳои олии Тоҷикистону Қирғизистонро хатм намуданд
Лахш, 22.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгириҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифи ноҳияи Лахш дар тӯли 25 соли Истиқлолияти давлатӣ ба муваффақиятҳои калон ноил гардид. Аз ҷумла, дар ин солҳо зиёда аз ёздаҳ мактаб ба истифода дода шуд. Агар шумораи умумии мактабҳои таҳсилоти умумӣ, асосӣ ва ибтидоӣ соли 1991- 48 адад бошад, ҳоло шумораи онҳо ба 61 адад расидааст, ки ин барои бо таълими асосии хатмӣ фаро гирифтани кӯдакону наврасони синни мактабӣ басанда мебошад. Шумораи умумии хонандагон дар соли 1991, ҳамагӣ 12197/5819 нафарро ташкил медод. Ин шумора дар соли 2016 ба 13 184 нафар расидааст, ки аз ин 6376 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.
Бо мақсади бо кадрҳои дорои маълумоти олӣ таъмин намудани соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия имрӯзҳо 1143 нафар донишҷӯён дар мактабҳои олии кишвар ва Ҷумҳурии Қирғизистон таҳсил доранд.,
Айни замон 155 нафар писарону духтарон тибқи квотаҳои президентӣ, аз ҷумла дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 107 нафар ва дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Қирғизистон 48 нафар таҳсил доранд.
Дар соли 2015 тибқи квотаи президентӣ 27 нафар ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 26 нафар ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Қирғизистон дохил гардиданд.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар зиёда аз 261 нафар писарону духтарон тибқи квотаи президентӣ донишгоҳу донишкадаҳои олии Тоҷикистону Қирғизистонро хатм намуданд.








Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
Дар Панҷакент Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид






