Деваштич: Вакили мардумӣ аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолият сухан гуфт
Душанбе, 16.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон ҷараён дорад.
Тавре аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич хабар доданд, дар деҳаи Росровути ноҳияи Деваштич вохӯрии интихобкунандагон бо вакили мардумӣ аз ҳавзаи интихоботии Деваштич-24 Зуфар Исмоилзода доир шуд. Зуфар Исмоилзода ҳамагонро бо ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, доир ба дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолият, аз ҷумла бунёди роҳу пулҳо, иншооти иҷтимоию фарҳангӣ, мавриди истифода қарор гирифтани даҳҳо коргоҳҳои саноатӣ, хонаҳои истиқоматӣ ва бунёди шаҳраку шаҳрҳои нав ҳарф зад.
Мулоқот дар ҷамоатҳои Исмоили Сомонӣ ва Далёни Боло низ бо иштироки фаъолонаи сокинон ва ибрози мулоҳизаҳо ҷараён гирифт.
Вакили мардумӣ З. Исмоилзода аз корҳои ободонӣ дар деҳаи Истиқлол низ дидан карда, бо сокинони маҳал суҳбати гарм орост. Бояд гуфт, ки дар деҳаи мазкур бевосита бо дастгирии худи мардум ба тариқи ҳашар беморхонаи нав бунёд ёфт, ки дорои 20 кат буда, бо тарҳи ҷавобгӯй ба талабот бунёд гардидааст. Боз бо иқдоми худи аҳолӣ сохтмони бинои нави мактаб бо фарогирии 10 синфхона идома дорад.
Мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагон З.Исмоилзода дар деҳаҳои ҳавзаи интихоботӣ идома дорад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






