Истихроҷи ангишт ба беш аз 1 млн тонна расонида шуд
Душанбе, 29.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз аввали сол то 28 сентябри соли равон истихроҷи ангишт ба зиёда аз 1 млн. тонна расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 295 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Тавре ки аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳиссаи корхонаҳои зерин, аз ҷумла КФ «Шахтаи Фон-Яғноб» бо 500 ҳазор тонна, ҶДММ «Талко-Ресурс»- 275 ҳазор тонна, Департаменти истихроҷи ангишти ҶДММ «Комбинати металлургии тоҷик»- 48 ҳазор тонна., КФ КА «Зиддӣ»- 46 ҳазор тонна, ҶДММ «Ширкати тиҷоратии Сайёд»- 35 ҳазор тонна ва ҶСК «Ангишт» бо 34 ҳазор тонна дар таъмини ҳаҷми мазкури истихроҷи ангишт назаррас мебошад.
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини фаъолияти мунтазам ва самарабахши соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба ангишт дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017, махсусан МБГ тамоми тадбирҳоро андешидааст.
Новобаста аз мушкилиҳо корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишт имкони пурра таъмин намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳуриро доранд.
Кормандони соҳаи ангишт азм доранд, ки то охири сол иҷрои нақшаҳои солонаи ба зиммагирифтаашонро оид ба истихроҷи ангишт сарбаландона таъмин намуда, 25-солагии Истиқлолияти ҷумҳурии азизамонро бо нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ба таври сазовор ҷамъбаст намоянд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






