Э. Раҳмон: «Дар шароити бисёр ноорому ҳассоси ҷаҳони муосир ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ ва зираку ҳушёр бошем ва манфиатҳои давлату миллатро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем»
Душанбе, 26.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари хеш ба ноҳияи Нуробод бо фаъолону роҳбарони ноҳия мулоқот анҷом дода, иброз доштанд, ки пешрафту дастовардҳои ноҳияи Нуробод дар солҳои охир хеле назаррас буда, ҳамаи онҳо аз баракати сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва заҳмати софдилонаи сокинони ин гӯшаи биҳиштосои кишварамон муяссар шудаанд.
«Итминон дорам, ки заҳматкашони ноҳияи Нуробод дар оянда низ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз рӯзгори орому осуда барои боз ҳам вусъат бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ саъю талоши бештар хоҳанд кард. Зеро ҳадафи ниҳоии мо ободу зебо гардонидани ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ва ба як кишвари пешрафта табдил додани Ватани азизамон мебошад»,- афзуданд Президенти кишвар.
Дар ин ҷода мо то имрӯз дар фазои сулҳу суботи комили кишварамон ва бо шарофати заҳмати содиқонаи мардумамон хеле нақшаву барномаҳои созандаро амалӣ намудем, ки дастовардҳои асосии раванди ободонии Ватанамон дар суханронии Роҳбари давлат ба ифтихори 25-солагии истиқлолияти давлатӣ баён шуданд.
«Дар баробари ин, хотирнишон месозам, ки барои расидан ба мақсаду ҳадафҳои олиамон мо бояд боз бештар заҳмат кашем, дар шароити бисёр ноорому ҳассоси ҷаҳони муосир ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ ва зираку ҳушёр бошем, манфиатҳои давлату миллатро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем, ба таълиму тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ диҳем ва мардуми худ, махсусан ҷавононро аз таъсири манфии мафкураи бегона ва гурӯҳу ҳаракатҳои тундраву ифротгаро эмин нигоҳ дорем», -гуфтанд Эмомалӣ Раҳмон ва илова намуданд, ки: «Ҳамаи шумо аз расонаҳои хабарӣ огоҳед, ки вақтҳои охир дар як қатор кишварҳои олам фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ торафт вусъат гирифта, дар натиҷаи амалиёти харобкоронаи онҳо ҳазорон нафар одамони бегуноҳ куштаву захмӣ шуда, миллионҳо нафар тарки Ватан карда, ҳатто давлатҳои мустақилу ором аз байн рафта истодаанд».








Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд






