Эътирози ҷавонони Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба мухолифини иғвогар дар шаҳри Варшава
Душанбе, 23.09.2016/АМИТ «Ховар»/. Мо, ҷавонони Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба мухолифин ва душманони миллату давлати худ, ки дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон бо дастгирии хоҷагонашон бар зидди тамоми тоҷикону тоҷикистониён ва ободию осудагии Ватан мубориза бурда истодаанд, изҳор медорем, ки ҳеҷ як инсони бадхоҳ ба мақсадаш намерасад. Ватандорӣ як гўшаи имондорӣ аст. Бар зидди Ватан ва ҳамватанони худ мубориза бурда, роҳи иғвою дурўягӣ, мардумфиребию суиистифода аз номи Худову Пайғамбарро пеша кардан нишонаи ҷаҳолату ваҳшоният аст. Мардуми шарифи Тоҷикистонро як маротиба фиреб дода, дар кишвар ҷанги шаҳрвандиро барангехтед, даҳҳо соли дигар бо сохтани Ҳизби террористию экстремистии наҳзати ислом мардумро ба гумроҳию хурофотпарастӣ, ҷаҳолату ваҳшоният роҳнамоӣ намуда, бар муқобили давлату миллат ба шӯр овардед. Фарзандон ва оилаатонро бо нони ҳароми аз роҳи суиистифода аз номи дини мубини Ислом ба дастоварда хӯронда, ба воя расонидед. Ватанро бо ташкили табаддулоти давлатӣ ба бегонагону хоҷагонатон туҳфа кардан мехостед. Ин ҳама кифоя набуд, ки имрўз боз дар кишварҳои хориҷӣ бар зидди хоку диёре, ки гузаштаю имрўз ва бобою бибӣ, авлоду аҷдод ва падару модару фарзанду оилаатонро дар оғӯшаш гирифтааст, санг мепартоед.
Мо, ҷавонони Тоҷикистон шахсият, хоҷагон ва пуштибону сармоягузорони шуморо хуб мешиносем ва аз ниятҳои манфуронаю ваҳшониятатон хуб огоҳем.
Шумо ҳеҷ дарк намекунед, ки имрўз асри 21 аст ва мардум ва махсусан мо, ҷавонон аз мафкураи асотирию динӣ берун шудаем ва ҳиллаю найранги бо ҷомаи дин пардапӯшонидаи шуморо хуб медонем. Мо муттаҳиду сарҷамъем ва Ватанамон- Тоҷикистони соҳибистиқлолро якҷоя ба сатҳи баланди тараққиёти худ бо роҳбарии Пешвои соҳибэҳтиромамон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ифтихори мо ва тамоми тоҷикону мусулмонони дунёст, мерасонем. Агар шумо ҳам дар ҳақиқат ободию тараққиёти Тоҷикистонро мехостед, пас бо мо ҳамроҳ мешудед. Вале афсӯс, ки шумо ниятҳои бад доред. Шумо дар ихтиёри худатон нестед. Бозичаи дасти хоҷагони хориҷиятон гардидаед ва ҳар супорише, ки аз онҳо гиред маҷбуред иҷро кунед.
Мо ба шумо муроҷиат менамоем, ки агар дар умри боқимондаатон заррае амали неку шоиста кардан мехоҳед, пас назди миллату давлати Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон бахшиш пурсида, ба Ватан биёед.
Солҳо мегузаранд, наберагону аберагони шумо пурсон мешаванд, ки чаро бобо ва ё бобокалону падари мо дар кишвари хориҷӣ умр ба сар бурда, дафн гардидаанд?. Пас саволдиҳандаҳо он ҷавобро мегиранд, ки бобо ва ё падари мо ба Ватану миллати худ хиёнат карда, падару модар ва наздикони худро партофта, ба он ҷо, ба пеши хоҷагони худ рафтаанд. Бинед, ки умри шумо пайи кадом кор сарф шуда истодааст.
Мо ба шумо изҳор медорем, ки як маротиба наворҳои ҷашни 25 –солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро тамошо кунед. Бубинед мардуми шарифи Тоҷикистон чӣ гуна муттаҳид ва хушбахту хушрўзу хушҳоланд. Чаро дар ин миён шумо нестед? Барои он, ки шумо ин гуна рўзҳо ва ин гуна хушбахтии мардумро намехоҳед.
Мо муттаҳидем ва бо такя ба Худо ва Пешвои худ ба сўи созандагию бунёдкорӣ роҳсипорем. Шумо ба сўи чӣ роҳсипоред ва ба кӣ такя мекунед?
Мо созандаем, шумо чӣ?
Мо, ҷавонони Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо, Ҳукумати Лаҳистон ва дигар давлатҳои Аврупо муроҷиат менамоем, ки аз террористону экстремистон пуштибонӣ накунанд. Террорист ва экстремист дар ҳар куҷое набошад, манбаи хатар аст.
Нафаре, ки ба миллату давлати худ хиёнат мекунад, вай ҳеҷ гоҳ нисбат ба миллату давлати дигар хайрхоҳ нест. Агар шумо воқеан ободию пешрафт ва сулҳу ваҳдатро мехоҳед, агар сидқан мехоҳед, ки волоияти қонун дар Тоҷикистон таъмин бошад ва ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, махсусан хуқуқу озодиҳои сиёсӣ арҷгузорӣ шавад, пас террористонро ба Тоҷикистон интиқол диҳед, то ки дар назди қонун ҷавоб гуфта, волоияти қонун таъмин гардад ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон поймол нагарданд.








SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд






