Фарҳангиёни ноҳияи Рашт бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё ва рамзи шарафу номуси ватандорист

Сентябрь 26, 2016 17:26

Рашт, 26.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо ҳамаи фарҳангиёни ноҳияи Рашт бо тамоми ҳастияшон дарк менамоянд, ки истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯза мебошад.

Дар зарфи 25 соли истиқлолият ҳаёти фарҳангии ноҳия рушд карда, заминаи эҷодӣ, ҳунарӣ ва истеъдоди фарҳангиёни ноҳия хеле мустаҳкам гардид. Ҳунармандону санъаткорони ҷавону лаёқатманд, ҳофизону сарояндагон ба воя расида, имрӯз ифтихори фарҳангиён ва мардуми ноҳия гардидаанд. Иштироки ҳунармандони ноҳия дар озмуну чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ- «Андалеб 2006-2014» дар шаҳри Душанбе, 1100-солагии Исмоили Сомонӣ, 80-солагии шаҳри Душанбе, 2700-солагии шаҳри Кӯлоби бостонӣ, корвони Роҳи Абрешим дар вилояти Суғд, «Садои кӯҳистон» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҷашни «Фалак» дар шаҳри Душанбе, «Чакомаи гесӯ»-и соли 2011, ҷашни «Наврӯз-2011», Рӯзҳои фарҳангии ноҳия дар шаҳри Душанбе ва ғайра аз зумраи он чорабиниҳои фарҳангӣ ба шумор мераванд.

Соли 2016 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар баробари таъсиси гурӯҳҳои ҳунарӣ дар назди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот барои онҳо асбобҳои мусиқӣ харид. Таъмири асосӣ ва навсозии боми қасри фарҳанги ноҳия, ки солҳои зиёд таъмири асосиро надида буд, аз ғамхории навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад. Бояд тазаккур дод, ки бинои мазкур соли 1988 ба истифода дода шудааст ва имрӯз ба таъмир ниёз дорад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия соли 2016 барои театри халқии ноҳия ба маблағи 145 ҳазор сомонӣ асбобу таҷҳизот харидорӣ намуд.

Инчунин бо истифода аз маблағҳои буҷети маҳаллӣ бинои матбааи ноҳия ба маблағи 421 ҳазор сомонӣ аз таъмири асосӣ бароварда, ба ин восита барои фаъолияти самараноки матбаа ва мактаби бачагонаи санъат шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

 

Сентябрь 26, 2016 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад