Хусрав Нозирӣ: Мардумони Мисру Тоҷикистон ва халқҳои дигари Осиёи Марказӣ асли фарҳангӣ ва таърихии муштарак доранд

Сентябрь 27, 2016 17:05

Душанбе, 27.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Маҷаллаи мисрии «Руз-ул-Юсуф» дар яке аз шумораҳои худ мақолаи хабарнигори ин нашрия Ҳудо ал-Мисриро таҳти унвони «Сафири Тоҷикистон дар Қоҳира: мехоҳем, ки Миср кишварҳои арабиро дар раванди тақвияти  муносибатҳо бо Осиёи Марказӣ роҳбарӣ кунад» чоп намуд. Мақолаи мазкур дар асоси мусоҳибае ба таҳрир омадааст, ки дар Сафорат дар остонаи ҷашни Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта буд. Дар зер тарҷумаи он мақола пешниҳод мегардад:

«Сафири Тоҷикистон дар Қоҳира:

Мехоҳем, ки Миср кишварҳои арабиро дар раванди тақвияти муносибатҳо бо Осиёи Марказӣ роҳбарӣ кунад»

Ҳудо ал-Мисрӣ

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозирӣ таъкид намуд, ки Миср қодир аст раванди рӯ овардани ҷаҳони арабиро ба сӯи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки барои ҷаҳони арабӣ ҳукми умқи роҳбурдӣ ва иқтисодӣ доранд, роҳбарӣ кунад. Миср ва Тоҷикистон дорои гуногунии иқтисодие мебошанд, ки метавонанд шабакаи пулҳои ҳамкориро бунёд карда, робитаҳоро густариш диҳанд. Ба вежа он ки асли фарҳангӣ ва таърихии муштарак байни халқҳои Мисру Тоҷикистон ва халқҳои дигари Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад. Ин амр ба коҳиш ёфтани монеаҳое, ки ба онҳо раванди ҳамкориву наздикшавӣ дар арсаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ бармехӯрад, ба андозаи зиёд саҳм мегузорад.

Сафир  дар гуфтугӯи худ бо «Руз-ул-Юсуф» ишора намуд, ки кишвараш мекӯшад муносибатҳоро бо Миср тавсиа ва таҳким намояд, зеро Миср кишвари меҳварӣ дар минтақаи арабӣ мебошад. Миср яке аз кишварҳои нахустини ҷаҳон буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро эътироф кард ва бо он дар сатҳи сафирон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд. Ҳамкорӣ байни ду кишвар беш аз 20 сол побарҷост.

Ӯ афзуд, ки табодули тиҷорӣ аз муҳимтарин арсаҳои ҳамкорӣ байни Миср ва Тоҷикистон ба шумор меравад. Вале, мутаассифона, ҳаҷми ин табодул ҳоло сатҳи муносибатҳои сиёсии байни ду кишварро бозтоб намекунад. Ин ҳолат аз ду тараф тақозо мекунад, ки ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми тиҷорати дуҷониба кӯшиши бештари муштарак ба харҷ диҳанд. Ӯ зикр намуд, ки бино бар омори гумруки Тоҷикистон, ҳаҷми тиҷорати дуҷониба байни ду кишвар дар соли гузашта ба 6 млн доллари ИМА расид.

Нозирӣ қайд намуд, ки Тоҷикистон аз Миср доруворӣ ворид мекунад ва баъзе сармоягузорон аз ҷумлаи соҳибкорони мисрӣ ба бозори тоҷикистонӣ бомуваффақият ворид шуда, дар соҳаи дорусозӣ ва сохтмони биноҳо сармоягузорӣ кардаанд. Ӯ таъкид намуд, ки бахши сайёҳӣ аз соҳаҳои умедбахши ҳамкорӣ байни ду кишвар мебошад.

Ӯ гуфт: «Миср кишвари муҳим дар соҳаи сайёҳӣ дар ҷаҳон буда, дорои мавзеъҳои ҷолиби фаровон, ба монанди истироҳатгоҳҳои соҳилӣ ва ҷойҳои таърихӣ аст. Дар навбати худ Тоҷикистон кишвари навзуҳури сайёҳӣ буда, аз табиати зебо ва осори таърихӣ бархурдор аст. Ӯ таъкид намуд, ки набудани намояндагии дипломатии Миср дар кишвараш омадани сайёҳони тоҷик ба Мисрро мушкил месозад. Сафорати Миср дар Маскав қарор дошта, сафири Миср аз он ҷо ба Тоҷикистон ба сифати сафири ғайримуқим сафар мекунад.

Мардуми тоҷик аҳаммияти Мисрро ба сифати мақсади сайёҳии муҳим медонад ва дар бораи имконоту фурсатҳои сайёҳии гуногун, ки дар Миср пайдо карда метавонад, маълумоти зиёд дорад.

Х. Нозирӣ изҳори умедворӣ намуд, ки хатти парвози мустақим байни ду кишвар барқарор ва намояндагии дипломатии Миср дар кишвари ӯ ифтитоҳ хоҳад шуд, зеро ин иқдомҳо ба густариши муносибатҳо ва афзоиши ҳайатҳои сайёҳӣ ба Миср ба андозаи зиёд мусоидат намуда, омадани сармоягузории тоҷикистонӣ ба Мисрро ташвиқ хоҳанд кард.

Сафир баён намуд, ки халқи тоҷик рухдодҳои Мисрро пайгирӣ мекунад ва хурсанд аст, ки амну субот дар ин кишвар пас аз 30 июни соли  2013 дубора барқарор шуда, роҳро барои амалӣ гардидани лоиҳаҳои бузург ҳамвор кард».

Дар ҳошия: Ҳафтаномаи «Руз-ул-Юсуф» яке аз куҳантарин маҷаллаҳои Миср ба шумор рафта, шумораи нахустини он 26 октябри 1925 аз чоп баромадааст.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қоҳира

 

Сентябрь 27, 2016 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, сешанбе, 217-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд
Дар марказҳои саратоншиносии Тоҷикистон низоми муосири бойгонӣ ва интиқоли аксҳои рентгенӣ татбиқ гардид