Ифтитоҳи Донишгоҳи давлатии Данғара
Душанбе, 01.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябри соли 2016 дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳрак Донишгоҳи давлатии Данғараро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Устодону донишҷӯён Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо шукуҳи хоса ва эҳтирому самимияти беандоза нисбат ба Пешвои маорифпарвар истиқбол гирифтанд.
Баъди ифтитоҳи донишгоҳ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити таълим дар ин боргоҳи илму маърифат шинос шуданд.
Сохтмони бинои муҳташами Донишгоҳи давлатии Данғара аз моҳи марти соли 2008 оғоз шуда буд ва бо харҷи 177 миллиону 500 ҳазор сомонӣ дар рӯзҳои таҷлили 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.
Донишгоҳ аз 17 бино, аз ҷумла 2 хобгоҳи 9 — ошёна бо 1300 ҷойи хоб барои донишҷӯён, 3 бинои истиқоматии 5 ошёна бо 60 ҳуҷра барои омӯзгорон, толори варзишгоҳ бо 450 ҷойи нишаст, толори зебову мунаққаши фарҳангӣ бо 530 ҷойи нишаст, ошхона бо 300 ҷойи нишаст, китобхона барои нигаҳдории 650 ҳазор адад китоб ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, барои 4 ҳазор нафар донишҷӯ дар як баст бунёд шудааст.
Фармоишгар Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмониро ширкатҳои ватанӣ, аз ҷумла Корхонаи воҳиди таъмиру сохтмони идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сохтмони куллиён”, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Самар СН” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Барқи Кӯлоб” бо сифати ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои меъморӣ иҷро кардаанд.
Аз оғози соли таҳсили 2016-2017 дар 6 факулта ва 20 кафедра аз рӯи ихтисоси педагогика ва технологияҳои таълимотии муосир, иқтисодиёти инноватсионӣ ва менеҷмент, аграрӣ ва истифодаи захираҳои табиӣ, муҳандисӣ ва технологияи муосири истеҳсолӣ, идораи давлатӣ ва ҳуқуқ ва ғайра мутахассис тайёр карда мешавад.
Дар Донишгоҳ зиёда аз 150 нафар устодон, аз ҷумла 4 доктори илм, 27 нафар номзади илм ва дотсент фаъолият мекунанд. Айни ҳол 2615 донишҷӯ аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Ҳамчунин дар ин ҷо аз рӯи 30 ихтисос дар зинаи бакалавр ва 8 ихтисос дар зинаи магистр мутахассис тайёр карда мешавад. Дар шуъбаи аспирантураи донишгоҳ аз рӯи 23 тахассус унвонҷӯён ба таҳқиқоти илмӣ машғул мешаванд.
Ба хотири эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар донишгоҳ коргоҳи адрасбофӣ ва маркази тарроҳону дӯзандаҳо ифтитоҳ ёфтааст. Барои пешрафти кор дар коргоҳи адрасбофӣ як гурӯҳ ҷавондухтарон дар вилояти Суғд нозукиҳои ин касбро аз худ кардаанд ва дар ин ҷо ба шогирдон табодули таҷриба мекунанд. Дар синфи тарроҳӣ ва дӯзандагӣ асосан занону бонувони хонанишин бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд.
Таъсиси гурӯҳи зудамали таъмири технологияи компютерӣ бо ду мошини сабукрав аз навовариҳои бахши таълим дар Донишгоҳи давлатии Данғара мебошад.
Зимни боздид аз донишгоҳ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар синфхонаҳои компютерӣ, марказҳои ҳунаромӯзӣ, толори варзиш, маҷлисгоҳ ва дигар қисмҳои иморати донишгоҳ бо шароити таълим шинос шуда, бо донишҷӯён суҳбати самимӣ доир карданд.
Донишҷуён ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои талошҳову ғамхориҳо изҳори сипос намуданд.










































Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






