Кишоварзони ноҳияи Тоҷикобод соли гузашта ба маблағи 651 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба солҳои пеш бамаротиб зиёд аст
Душанбе, 26.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳукумати мамлакат дар ҷараёни амалисозии ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, ҳалли масоили вобаста ба ҳифзи амнияти озуқаворӣ, васеъ ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ҳавасманд кардани кишоварзон дар самти истифодаи самараноки обу замин ва дар ин асос беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии сокинони деҳот ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд»,-иброз доштанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Тоҷикобод.
Ҳамчунин зикр гардид, ки хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия бо истифода аз шароити муҳайёгардида ва бо дарки сарчашмаи асосии даромад будани соҳаи кишоварзӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро сол ба сол афзоиш дода истодаанд. Самараи кӯшиши онҳост, ки солҳои охир истеҳсоли меваю сабзавот, ғаллаву картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ торафт зиёд шуда истодааст.
«Соли гузашта кишоварзони ноҳия ба маблағи 651 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки ин рақам нисбат ба солҳои пеш бамаротиб зиёд мебошад. Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат дар ноҳия то имрӯз 265 гектар замини нав аз худ карда шудааст, ки барои ноҳияи кӯҳсори Тоҷикобод басо муҳим мебошад»,- зикр намуданд Пешвои миллат.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






