Консули Тоҷикистон дар Санкт-Петербург М.Мирзода: «Ватан – гӯшаи имон аст»

Сентябрь 26, 2016 15:52

Душанбе, 26.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Консули ифтихории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленингради Федератсияи Русия Муҳаммадназар Мирзода дар қатори дигар меҳмонон дар тантанаҳои идона ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе ширкат дошт. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо М.Мирзода суҳбат баргузор намуд, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон менамоем.

 

 

АМИТ «Ховар»: Ба Ватани худ – Тоҷикистони азиз хуш омадед, бешак ин сафар нисбат ба сафарҳои қаблиатон фарқкунанда буд?

Муҳаммадназар Мирзода: Воқеан ҳам ин сафари мо ба Ватани азиз аз аввал то ба охир мисли як қиссаи зебо, пур аз таассуроти нек, саршор аз рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ, миллату Пешвои миллат мебошад, ки барои тамоми умр дар хотирот нақш мебандад. Мо аз тарафи дастгоҳи иҷрояи Президенти мамлакат тавассути сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо роҳбарони дигар ҷамъияту созмонҳое, ки дар Федератсияи Русия кору фаъолият мекунанд, барои истиқболи ҷашни 25-солагии Тоҷикистони азиз ба Душанбе даъват шуда будем. Тавре Одамушшуаро устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ мегӯяд:

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,

Бартар  аз дидори рӯи дӯстон.

Ҳеҷ талхӣ нест дар дил талхтар,

Ҷуз фироқи дӯстони пурҳунар.

Имрӯзҳо мебинем, ки ҳазорон одамон аз дигар гӯшаву канори дунё ба Тоҷикистони азиз, ба ватане, ки падару модар ва хоҳару бародарони мо онро обод кардаву дар он зиндагӣ доранд, ба меҳмонӣ, ба саёҳат, барои кору таҳсил меоянд ва дидани ин ҳолат моро хуш меояду ифтихорамон аз Ватан, аз дидани созандагиву ободкорӣ, гул-гулшукуфии диёр садчанд афзун мешавад. Чунон ки мардуми тоҷик мегӯянд, Ватан гӯшаи имон аст ва дар ҳар гӯшаи ҷаҳон, ки мо бошем доимо бо ғаму шодии Ватан шарик ҳастем.

АМИТ «Ховар»: Чанд вақт шуд дар хориҷа ҳастед ва фаъолияти Шумо бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар чӣ сатҳ ба роҳ монда шудааст?

Муҳаммадназар Мирзода: Зиёда аз 30 сол аст, ки ман дар шаҳри Санкт-Петербург зиндагӣ мекунам, вале доимо ба ёди обу хоки Ватан ҳастам. Мувофиқи маълумоти оморӣ наздик ба 85 ҳазор муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград кору зиндагӣ мекунанд. Мо ба ҳар нафаре, ки ба дафтари кории мо бо муроҷиат меоянд, аз рӯи имкон ёрӣ медиҳем, ба онҳо дар таҳияи ҳуҷҷатҳо ва таъмин намудан ба ҷойи кор мусоидат мекунем. Аз сидқи дил ба ҳама миллати бузурги  Тоҷикистон ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатиро аз номи он нафароне, ки дар шаҳри  Санкт-Петербург ҳастанд, табрик мегӯям ва ба ҳамаи падару модароне, ки чашм ба роҳи фарзандон ҳастанд, саломи онҳоро мерасонам. Мо имсол дар шаҳри Санкт-Петербург се ҷашнвораи бузург ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ баргузор намудем, ки яки он мусобиқа оид ба гуштини миллии тоҷикӣ буд, ки зиёда аз 5 ҳазор нафар ҷамъ омада, 50 нафар паҳлавонон бо туҳфаҳои арзанда ва ифтихорномаҳои консули фахрӣ ва ҷамъиятҳо сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин, конфронси илмӣ ташкил намудем, ки дар кори он донишмандону олимон аз марказҳои илмӣ, пажуҳишгоҳ ва донишкадаҳо бо маърӯзаҳои илмӣ иштироку суханронӣ карданд. Як барномаи консертӣ низ аз тарафи ҳунармандони тоҷик, ки дар Санкт-Петербург ва ноҳияҳои атрофи он кору зиндагӣ мекунанд, баргузор карда шуд.

АМИТ «Ховар»: Шумо дар баробари иштирок дар маросими гузашти низомӣ, ҷамъомади тантанавӣ дар Кохи Борбад, роҳпаймоии мардумӣ дар майдони Дӯстӣ ва намоишҳои фарҳангӣ дар Варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ ҳамчунин мустақиман маърӯза ва суханони барномавии Пешвои миллатро дар ин ҷашнвораҳо шунидед…

Муҳаммадназар Мирзода: Шунидани суханони зерин, ки Пешвои миллат ба иштирокдорони ҷамъомади тантанавӣ изҳор намуданд, ки: «Имрӯз мо бо ифтихор иброз медорем, ки ба бахти баланди миллати тоҷик биступанҷумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллии кулли сокинони мамлакат таҷлил шуда истодааст» барои ман хеле таъсирбахш буд. Зеро воқеан ҳам тавре Сарвари давлат гуфтанд: «Яке аз беҳтарин намунаҳои заҳмату талошҳои аҳлонаи халқи Тоҷикистон дар давраи истиқлолият барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таҳкиму тақвияти давлату давлатдории миллӣ ва сарҷамъиву ваҳдат мебошад».

Воқеан ҳам моро мебояд ин суботу оромиро эҳтиёт ва қадршиносӣ кунем, зеро дар давраҳои аввали Истиқлолият мушкилоти сангин болои сари мардум оварда шуданд. Сарвари давлат, Пешвои миллат дуруст зикр карданд, ки: «Истиқлолияти давлатии мо ҳанӯз дар оғози роҳ ба зарбаи ҷонкоҳу ҳалокатбор, яъне ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд, ки ягон кишвари тоза мустақилгардидаи собиқ давлати абарқудрат дар он айём ба чунин вазъи душвору фоҷиабор гирифтор нашуда буд. Қувваҳои бадхоҳ ва ашхоси гумроҳ бо нақшаву дастурҳои хоҷагони хориҷии худ, ки мехостанд бар хилофи иродаи мардуми тоҷик фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари халқи мо бор кунанд ва ҳатто саросемавор нақшаи бунёди давлати исломиро кашида буданд, Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги бародаркуш гирифтор карданд. Мутаассифона, дар он айём ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои навтаъсиси кишвари тозаистиқлоли мо фирефтаи мафкура ва нақшаҳои харобкоронаи Ҳизби наҳзати ислом гашта буданд».

         АМИТ «Ховар»: Барои таҳким бахшидан ва бебозгашт намудани суботу оромӣ дар Тоҷикистон, ба андешаи Шумо, чӣ корҳоро мебояд анҷом дод?

         Муҳаммадназар Мирзода: Бояд гӯям, ки мо қаблан барои пешгирии гаравидани ҷавонон ба созмонҳои ифротӣ дар Санкт-Петербург конфронси илмӣ-амалӣ баргузор намудем, ки дар он муфтии шаҳри Санкт-Петербург ва намояндагони диаспораҳо ва ҷамъиятҳо иштирок доштанд. Яке аз ҳадафҳои асосӣ пеш бурдани корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар миёни ҷавонон дониста шуд. Ҷавонон набояд фирефтаи эмиссарҳои зархарид гашта, ҷони худу пайвандонро дар хатар гузоранд, бозичаи дасти гурӯҳҳои манфиатбар шаванд. Фикр мекунам, ки бояд чунин корҳои фаҳмонидадиҳӣ бештару самараноктар бурда шаванд. Дар ин самт фаъолияти Вазорати корҳои дохилӣ ва хадамоти дахлдори Ҳукумати мамлакат оид муҳоҷирати меҳнатӣ чашмрас мебошад.  Дар навбати худ мо ин ҷашнвораҳоеро, ки дар Душанбе дидем, баъд аз  баргаштан ба шаҳри Санкт-Петербург ҳама аъзои ҷамъиятҳои вилояти Ленинградро ҷамъ намуда, барояшон аксу наворҳои видеоиро нишон медиҳем, ки чӣ хел дар Тоҷикистони азиз мардум бо рӯҳияи баланд Истиқлолияти Ватанро таҷлил намуданд. Ин ҳама пешравиҳо ва гулгулшукуфиҳоеро, ки бо чашми сар дидем, ба онҳо мерасонем.

Мусоҳиб А.Сангзода

Сентябрь 26, 2016 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»
ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД. Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин