Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи дорувориро пешгирӣ намуданд
Душанбе, 23.09.16. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе воридот ва муомилоти ғайриқонунии маводи дорувориро ошкор ва пешгирӣ намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд, ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе маълум гардид, ки намояндаи тиҷоратии филиали ширкати «Курамакс» ЛТД шаҳрванд И.Г., соли таваллудаш 1964, бо супориши директори филиали ширкати «Курамакс ЛТД»-и Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати намояндаи тиҷоратӣ фаъолият намуда, бо мақсади муомилоти ғайриқонунии маводи доруворию молҳои тиббии бесифат ва ба талаботи стандартҳои муқарраргашта ҷавобгў набударо бар хилофи талаботи стандартҳои меъёрию-ҳуқуқии дар соҳаи фаъолияти фармасевтӣ амалкунанда, дар ҷои нигаҳдории воситаи нақлиёт (гараж)-и иҷора гирифтааш бо мақсади минбаъд ба муомилот баровардан ғайриқонунӣ ҷойгир менамояд.
Баъдан барои дар амал татбиқ намудани нақшаи ҷинояткоронаи пешакӣ тарҳрезишуда, мунтазам аз дохили анбори муваққатиаш як қисми маводи доривории ба талаботи стандарт ҷавобгӯй набударо ба муомилот бароварда, дар дорухонаҳои шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон ба фурӯш гузошта, боқимондаи маводи дорувориро дар анбори муваққатиаш ғайриқонунӣ нигоҳ медорад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, аз анборҳои муваққатии И.Г. маводи дориворию молҳои тиббии гуногунтамға, аз қабили ҳабҳои тамғаи «Мефипристон-25 мг», «Мизопростол», «Спазмалгон», хокаҳои (порошок)-и тамғаи «Фарамакс», капсулаҳои тамғаи «Тангкат Али Платинум», «Сила Императора», «Эссенциале форте Н», сӯзандоруи 1 гр., система барои гузаронидани маҳлулҳои инфизионӣ ва ғайра дар ҳаҷмҳои гуногун ёфта гирифта шуданд.
Мувофиқи хулосаи ташхиси Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи дорувории гирифташуда барои ҳаёт ва саломатии истеъмолкунандагон зарар дошта, барои истифодаи онҳо иҷозат дода намешавад.
Аз рўи ин ҳодиса нисбат ба И.Г. ва дигарон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол карда шудааст.








ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






