Маҳсулоти корхонаи ҶДММ «Баракат Исфара» ба бозорҳои Русия, Аврупо, Амрико ва Чин фиристода мешаванд
Душанбе, 29.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти ҶДММ «Баракат Исфара» бо сармоягузории муассиси худ-фабрикаи Богородскаяи Федератсияи Русия як ҳиссаи майдони истеҳсолии худро навсозӣ ва бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонид.
Лоиҳаи навсозии корхонаи коркарди меваи хушки «Баракат Исфара» дар кишвари Туркия омода шуда, амалигардонии он 2 сол муқаддам шурӯъ гардидааст. Дар ин давра дар майдони 2 ҳазор метри мураббаъ бо харҷи беш аз 2 миллион доллари амрикоӣ пойгоҳи истеҳсолӣ бунёд карда шуд, ки имкони истеҳсоли маҳсулоти ҷавобгӯй ба стандартҳои ҷаҳониро фароҳам меорад.
Бино ба гуфти сарвари корхона Борис Игнатенко, интихоби муассис барои амалигардонии лоиҳаи мазкур ба «Баракат Исфара» на ба хотири дастрасии бештар ба қувваи меҳнати арзон, балки бо назардошти вазъи мувофиқи иқлимӣ ва меваҳои беназири шаҳдрези Исфара қарор гирифт.
Дар коргоҳи тозабунёди басту банди меваҳои хушк 150 ҷойи корӣ фароҳам оварда шуда, давраи ниҳоии раванди омодасозии маҳсулот ба бозор ҷараён хоҳад гирифт.
Ҷиҳати пешбурди кор дар ин самт дар раванди навсозии ахир ба ҷуз коргоҳи басту банд беш аз 20 адад сардхона бо истифода аз технологияи муосир бунёд кардаанд, ки ғунҷоиши умумии онҳо 5 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад. Дар ин қитъаи кор 300 нафар бо кор таъмин хоҳанд шуд.
Интизор меравад, ки маҳсулоти корхона ба бозорҳои Русия, Аврупо, Амрико ва Чин фиристода шаванд.













ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






