Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон ба номи олими забоншинос Додихудо Карамшоев гузошта шуд
Хоруғ, 14.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ, ки бо иқдоми Пешвои миллат чаҳор сол пеш дар маркази ноҳияи Рӯшон дари худро ба рӯи кӯдакону наврасони ятиму бепарастор ва ниёзманд боз кард, ба номи яке аз забоншиносони маъруфи тоҷик, доктори улуми филологӣ, профессор Додихудо Карамшоев гузошта шуд. Дар маросими номгузорӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, собиқадорони соҳаи маориф, хонандагону омӯзгорон ва олимони Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ширкат доштанд.
Устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, доктори илмҳои филологӣ Назрӣ Офаридаев аз хизматҳои ин олими шинохта дар роҳи баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ дар ҷумҳурӣ ва бахусус дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ёдоварӣ намуда, баён дошт, ки: «имрӯз садҳо тан аз шогирдони Додихудо Карамшоев дар муассисаҳои таълимии олию миёнаи вилоят ба тадриси забони пурғановати модарӣ машғуланд. Мо шогирдонаш ин тасмими раҳбарияти кишвар ва махсусан Сарвари давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, аз номи аҳли зиёи вилоят барояшон изҳори сипос баён медорем. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи ин бинои боҳашамат зимни суханронӣ ба омӯзгорону волидон таъкид доштанд, ки «ҳар як омӯзгор, падару модарон ва дар маҷмӯъ, аҳли ҷомеа бояд ба насли навраси имрӯза ва умуман ҷавонон доим як масъалаи муҳимро хотиррасон кунанд, ки ваҳдату ягонагӣ, дониши баланду ахлоқи намунавӣ, муҳаббат ба Ватан — модар, дӯст доштани сарзамини муқаддасамон омилҳое мебошанд, ки барои пойдории давлати соҳибихтиёрамон ва зиндагии хушбахтонаву рӯзгори хуррами наслҳои имрӯзу оянда замина фароҳам меорад».
Мактаб-интернати ноҳияи Рӯшон чор сол пеш бо 640 ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Барои бунёди ин муассисаи муҳими соҳаи маориф беш аз 22 миллион сомонӣ масраф шуд.
Ба фаъолият оғоз кардани мактаб-интернати мазкур имкон медиҳад, ки ятимону бепарасторон аз тамоми гӯшаву канори вилоят ва берун аз он ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






