Машварати корӣ оид ба такмили низоми аҳдномаи никоҳ
Душанбе, 23.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар мавзӯи «Такмили низоми татбиқи аҳдномаи никоҳ дар Тоҷикистон» машварати корӣ барпо гардид.
Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар машварат намояндагони шуъбаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, оид ба корҳои дин, маорифу тандурустӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳли зиё ва фаъолони шаҳри Кӯлоб ширкат доштанд.
Бояд гуфт, ки машварат мавзӯъҳои татбиқи амалии аҳдномаи никоҳ, устувории оилаҳои ҷавон, пешгирии никоҳи хешовандони наздик, оиладоршавии бармаҳал, ҳифзи иҷтимоии занону фарзандон баъди талоқ ва дигар масоили мубрами рӯзро вобаста ба муносибатҳои оиладорӣ дар бар гирифт.
Бино ба маълумоти манбаъ, масъулину коршиносони соҳа ҳолатҳои мазкурро муҳокима карда, ҷиҳати татбиқи амалии сиёсати давлатӣ дар байни занону оилаҳо ва тадриҷан рушд додани муносибатҳои неки оиладорӣ дар асоси суннатҳои миллӣ ақидаҳои хешро иброз доштанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






