Муаррифии Тоҷикистон дар Кувайт
Душанбе, 22.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 20 сентябри соли 2016 бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт дар толори Маркази фарҳангии Абулҳусайни Абдулризо бо иштироки дастаҳои ҳунарии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Пойтахти фарҳанги исломӣ эълон шудани Кувайт маҳфили ҷашнӣ баргузор гардид.
Дар ҷашнвора аҳли ҳунару фарҳанги Тоҷикистон бо барномаи рангини консертӣ миллат ва Меҳани тоҷиконро дар сатҳи баланд муаррифӣ намуданд.
Ҳамчунин дар толори муҳташами Маркази фарҳангии Абулҳусайни Абдулризо намоишгоҳе доман афрохт, ки ҳадафи асосии он муаррифии кишвари биҳиштосои Тоҷикистон буд. Дар доираи ин ҷашнвора намоиши китобу мусаввараҳо дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, давлат ва миллати тоҷикон, ҳамчунин расму мусаввараҳои гуногуни инъикосгари таъриху тамаддун, фарҳанги оламшумули тоҷикон, муди либос ва асбобҳои миллӣ, намунаҳои маҳсули эҷодиёти санъати тасвирӣ ва кандакориҳо ба маърази намоиш гузошта шуд. Мавриди зикр аст, ки меҳмонон ва иштирокдорони ҷашнвора аз тамошои барномаи консертии ҳунармандони тоҷик ва намоишгоҳи густурда дар Кувайт таассуроти нек бардоштанд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






