Мубориза бо коррупсия кори дастҷамъона аст !
Душанбе, 24.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки сарнозири шуъбаи назорати пешгирӣ аз ҷиноятсодиркунии Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳусниддин Холмуҳаммадзода ва нозири калони ҳамин мақомот Шоирахон Муттавалиён бо устодону шогирдон мулоқоти озод доир гардид.
Муовини директор оид ба тарбия Фаррух Аминов зимни суханронии худ қайд намуд, ки ҳадаф аз баргузории чорабинӣ ин огоҳӣ ёфтан аз амру фармонҳое мебошанд, ки дар сатҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ вобаста ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ ба тавсиб расидаанд.
Шоирахон Муттавалиён зимни гузориши худ таъкид дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди вилоят 226 ҳолати коррупсионӣ ба қайд гирифта шуд, ки аз ин шумора 8 ҳолат ба мактабҳои олии вилоят рост меоянд.
Номбурда даъват ба амал овард, ки нисбат ба ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа бетарафӣ ихтиёр накунанд ва бо раёсати агентӣ дар робита бошанд, зеро решакан кардани амалҳои коррупсионӣ кори дастаҷамъона аст.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






