Намоиши мусаввараҳои рассоми шинохтаи тоҷик Зоир Мирзоев дар толори Галереяи санъати муосири Тоҷикистон

Сентябрь 2, 2016 08:44

Душанбе, 2.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. 1-уми сентябр бахшида ба 25- солагии Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Галереяи санъати муосири Тоҷикистон, ки дар ошёнаи сеюми Маркази бузурги савдои «Ашан» (Душанбе Мол) ҷойгир аст, намоиши мусаввараҳои рассоми шинохтаи тоҷик Зоир Мирзоев баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Галереяи санъати муосири Тоҷикистон хабар доданд, дар намоишгоҳ таҳти унвони «40 соли эҷодиёт» 83 мусаввараи рассом, ки тӯли ин солҳо эҷод шудаанд, ба намоиш гузошта шудаанд. Дар расми ифтитоҳи намоиши асарҳои рассоми тоҷик вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, директори Галереяи санъати муосири Тоҷикистон Инна Непомняшая ва дигарон сухан гуфтанд.
Бояд гуфт, ки асарҳои рассоми тоҷик Зоир Мирзоев, ки дар жанрҳои мухталифи манзараву чеҳранигорӣ ва тарҳу натюрморт офарида шудаанд, бинандаро бо дунёи зебои тоҷикон ва меҳани кӯҳистони мо шинос мекунанд.
Дар маросими ифтитоҳи намоиш вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода рассоми тоҷик Зоир Мирзоевро барои хизматҳои беназираш дар бахши фарҳанг бо нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонид.

Сентябрь 2, 2016 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад