Намоиши «Шабе дур аз Ватан» дар фестивали байналмилалии театрӣ иштирок менамояд

Сентябрь 16, 2016 09:38

Душанбе, 16.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов дар Фестивали байналмилалии театрии кишварҳои Осиёи Миёна таҳти унвони «Қазоқистон дили АвруОсиё» бо намоиши «Шабе дур аз Ватан» иштирок хоҳад кард.
Фестивали мазкур бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон бо ибтикори Вазорати фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад. Фестивал аз 10 то 14 октябр дар шаҳри Алмаато идома меёбад.
Мақсади асосии фестивал мустаҳкам кардани робитаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи санъати театр, фароҳам овардани шароит барои амалӣ гардонидани барномаҳои муштарак байни гурӯҳҳои театрӣ, инчунин ҷалб намудани диққати театрҳо ба навъҳои замонавии раванди театрӣ мебошад.

Сентябрь 16, 2016 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд