Нависандаи миллии мо. Нақши осори Сотим Улуғзода дар худшиносии миллӣ

Сентябрь 10, 2016 08:48

Душанбе, 10.09.2016 /АМИТ «Ховар»/.11 сентябр аз зодрӯзи нависанда, драматург, мунаққид, тарҷумон ва сенариянависи маъруфи тоҷик Сотим Улуғзода 105 сол пур мешавад.

Барои тоҷикон ифодаи «нависандаи миллии мо» маънии амиқ ва ҷаззоб дорад. Мисли мусиқии дилангези забони модарӣ, ки дар кишвари бегона мешунавию зодгоҳат-Ватан ёд меояд. Ин мафҳум ёдовари ҳар чизи хубест, ки мутааллиқ ба мо ва миллати мост, дар хӯю хислати мардуми мо нуҳуфтааст. Аз ин назар, мо ҳанӯз ҳам одат кардаем, ки  фақат аз бунмояҳои адабиёти миллӣ, ё худ бунмояҳои осори шоир ё нависандае, мисли ахлоқ, расму ойин, хулоса, ҳар чизе ки хусусиятҳои хоси миллати моро таҷассум месозад, сухан ба миён оварем ва ифтихор кунем. Тобеъияти тафаккури анъанавии таҳқиқи адабиёт гоҳо ба мо иҷоза намедиҳад, ки дар ин мавзӯъ фарохтар биандешем ва сарнавишт ва хидматҳои нависандаи миллиамонро дар матни воқеияти таърихӣ ва фарҳангии дирӯзу имрӯз арзёбӣ  кунем.

Сотим Улуғзода яке аз нависандагони бузурги миллии мост. Дар замоне ӯ зист ва эҷод кард, ки бисёре аз қаламкашон ҳувияти миллиашонро зери ғояҳои интернатсионализми пролетарӣ пинҳон медоштанд. Ба ифодаи дигар, фикр ва андешаашон ҳадафҳои мушаххаси миллӣ надошт. Завқашонро ба адабиёт ва фарҳанги бегона мутобиқ мекарданд. Дар ин равиш адабиёти мо бештар тобеъи тафаккури бадеии ғайритоҷикӣ буд. Дар таърихи адабиёти тоҷик ин тобеъият натиҷаи фишорҳои сиёсӣ ва фарҳангии бегонагон буд, ки дар бисёр ҳолатҳо ба тафаккури миллии мо таъсири манфӣ ҳам гузоштааст.

img-20160818-wa0006 Вале дар ин ҷараён буданд нависандагон ва шоироне, ки ҳувияти миллӣ ва махсусиятҳои тафаккур ва андешаи миллиашонро ҳифз карданд ва ба ин восита, ба эҳёи ҳадафҳо ва ормонҳои миллӣ мусоидат намуданд. Яке аз ин гуна адибоне, ки шахсият ва осораш аз оғози фаъолияти адабиаш саршор аз рӯҳи миллӣ, ҳадафҳои миллӣ ва ғояи миллӣ буд, Сотим Улуғзода мебошад.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир, ки ба ифодаи мардум, калон хурдро фурӯ мебарад, яъне ҷараёни маҳвшавии миллатҳо дар миён аст, мебояд ба шахсият ва осори нависандагони миллатпарастамон бо диди манфиатҳои миллӣ нигарем ва хидматҳои онҳоро барои миллат дар фаросӯи воқеияти имрӯз арзёбӣ кунем. Шахсият ва эҷодиёти  Сотим Улуғзода ҳамин гуна имконро барои мо фароҳам меоварад.

Нависандаи бузург Улуғзода  боре гуфта буд: «Агар дар матбуот рӯзи тавлиди маро қайд кунанд ё накунанд, ман коре надорам. Вале мехоҳам, ки имрӯз ва пас аз сари ман низ асарҳои таърихии маро мавриди таҳқиқ қарор диҳанд» («Ибни Сино» ва «Восеъ» кифоя аст»// «Садои мардум», 7.09.1991).

Ин, албатта, пешниҳоди хоксоронаи нависандаи бузург аст. Дар асл сарнавишт ва ҳамаи осори ӯ барои миллати мо метавонад дарси таърих ва сабақи худшиносӣ бошад. Дар ин замина корҳое сурат гирифта бошанд ҳам, ҳанӯз кифоя нест.

img-20160818-wa0001Ҳодисаҳое, ки дар муҳити фарҳангии мо рух дода истодаанд, махсусан тамоюлҳои манфии бегонапарастӣ, ба динҳои дигар гаравидан, интихоби номҳои ғайр, тағйири ҳувияти миллӣ ва ғайра моро водор мекунанд, ки бунмояҳои маънавиёти миллиро дар мисоли эҷодиёти ин нависанда аз дидгоҳи нав назар кунем.

Сотим Улуғзода худшиносии миллиро «донистани миллат аст таърихи худро» таъбир карда, афзуда буд, ки «мақсад аз рӯ овардани ман ба таърих ба таври бадеӣ таърихи халқамонро дарк кардан, бузургони гуманист ва тараққихоҳи гузаштаамонро, ки ифтихороти миллии моро ташкил мекунанд, ба халқамон аз тариқи дил ва ҳис, ҳамон тавре, ки ман худ шинохтаам, шиносондан аст».

Сотим Улуғзода, ҳамчунон ки худаш мехост ва худаш шинохта буд, ба эҳёи арзишҳои фарҳангии ҳувиятсози миллӣ, ки дар асри бист миллати мо қисман ё комилан онҳоро  аз даст дод, камар баст. Дар мақолаҳо ва осори бадеиаш ба эҳё кардани унсурҳои аслии ҳувиятсоз- забон, адабиёт, таърих, расму ойин, тафаккури китобӣ ва ғайра пардохт.

img-20160818-wa0005Дар ин замина шиори аввалинашон шуд, ки «маънавиёт агар дар забон ифодаи худро наёбад, вай мавҷудият надорад”. Бинобар ин ҳам дар мақолаҳояш, аз ҷумла, мақолаи «Алифбо-пайкараи тамаддун» ( «Тоҷикистони советӣ», 14 октябри соли 1989) «ҳифзи мавҷудият, покизагӣ ва роҳҳои васеъ кушодан барои ривоҷу равнақи ояндаи забонҳои миллӣ»-ро аз «вазифаҳои муҳими соҳибони забонҳо» донист. Нависанда омилҳои «афсурдаю олуда» шудани забони тоҷикиро як-як баршумурд, ки аз тариқи зайл аст: а) ба забони холис ва покизаи тоҷикӣ озоду белакнат ҳарф зада натавонистани соҳибони забон; б) афкори илмию сиёсиашонро ба забони модарӣ баён карда натавонистани донишмандон; в) бетарафӣ ва бемасъулиятии шоиру нависандагон дар пешравӣ ва ҳифзи асолати забон; г) тағйири алифбо ва даст кашидан аз ҳуруфоти тоҷикии арабиасос; д) аз байн бурдани зиёиёни огоҳи забондон дар солҳои бистум; е) китобсӯзиҳо ва аз байн бурдани решаҳои маънавиёти миллӣ; ё) ҷараёни «сода» ва «ҳамафаҳм» кардани забон дар солҳои сиюм ва баъд аз он. Сотим Улуғзода барои ҳифзи унсури муҳими ҳувиятсози миллат тағйири алифборо зиёнбортарин иқдом дониста, аз ҷумла таъкид мекунад: «Хату алифбо пайкари маънавиёти миллат аст. Пайкарро иваз кунед, хоҳу нохоҳ маънавиёт мекоҳад».

 

 

img-20160818-wa0000Нависанда ҳанӯз солҳои панҷоҳуми  садаи гузашта «номувофиқиҳо, носозиҳои ба савтиёти хоси забони тоҷики бегона»-ро нишон дода, гуноҳи чунин иқдомҳои вайронгарро ба гардани «амри фиръавнии «болоҳо» гузошта буд. Вай дар яке аз ҷаласаҳои ҳукуматӣ ба қабули овозҳои Ц, Щ, Ы муқобил баромад ва котиби кумитаи марказии ҳамонвақтаи ҳизби комунисти Тоҷикистон Т. Пӯлодов, ба қавли нависанда, ӯро танбеҳ дода, раъйашро муқобили хости ҳизб ва ба дӯстии халқҳои СССР зиёновар маънидод карда буд.

Ба ифодаи Муҳаммаҷон Шакурӣ, миллиятҳаросӣ, миллиятпарҳезӣ ва маънавиятзудоии замони Шӯравӣ гоҳо имрӯз низ ба назар мерасад ва монеи таҳаввули забон мегардад, ки ин ҳодисаҳоро Сотим Улуғзода дар мисоли сарнавишти забони тоҷикӣ дар замони Фирдавсӣ тасвир ва пешгӯӣ карда буд. Имрӯз маънавиятзудоӣ то ҷое расида, ки дар интихоби ном ба фарзандони худ  мо бегонапарастӣ мекунем.

 

img-20160818-wa0004Нависанда ин консепсияи эҷодиашро идома бахшида, бо таълифи осоре, чун «Рӯдакӣ», «Темурмалик» ва «Алломаи Адҳам ва дигарон» тақдири шахсияти тоҷик, дифои манфиатҳои онро ҳадафи мавзӯъ ва мазмун қарор дод ва ҳақ ба ҷониби адабиётшиноси маъруф Худоӣ Шарифов аст, ки «ниҳоят аз ифтихори миллӣ сухан гуфтан ҳамчун нишонаи адабиёти миллӣ дар адабиёти тоҷик насиби С. Улуғзода гардид». Сотим Улуғзода осорашро, пеш аз ҳама, дар баҳси таърих, тақдири шахсиятҳо, муаммоҳои ҳастӣ ва ҳадафҳои миллӣ офарид, ки моҳияти талошҳои миллатдӯстонаи ӯро ифода мекунанд.

Эҳсосоти миллии нависандаи мо дар тамоми осораш ҷанбаи мусбат дошта, ҳадафаш эҳёи ҳувияти тоҷикӣ ва худшиносии миллӣ мебошад. Чунин консепсияи идроки бадеии ӯро интихоби номҳо дар осораш, тасвири расму ойинҳои суннатӣ ва ғояи ормонҳои худсозии миллӣ таъйид мекунад. Дар интихоби номи шахсиятҳои осораш манфиатҳои таърихиву миллӣ назди ӯ эътибор дорад. Зикри номҳои меросии миллӣ дар осораш навъе намоди мазҳари рӯҳи тоҷикӣ аст, ки баҳрабардорӣ аз он худсозӣ ва худшиносӣ аст. Ба ифодаи дигар, Сотим  Улуғзода дар осораш ҳамеша ба худшиносии миллӣ бартарӣ дода, онро василаи эҳё ва ҳифзи нангу номуси миллат медонад.

 Сайрам Бақозода,

номзади илмҳои филологӣ

Сентябрь 10, 2016 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус баргузор мегарданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Имрӯз дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
«ВАССОФИ ВАТАН». Пагоҳ дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
«ВАССОФИ ВАТАН». 22 ноябр ғолибони фестивал-озмун муайян ва қадрдонӣ мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус баргузор мегарданд
Дар Маркази фарҳангии мероси исломии «Ярмук»-и Кувайт Шоми мусиқии классикии тоҷикӣ баргузор гардид
Дар Донишкадаи санъати театрии Русия спектакли «Заҳҳок» намоиш дода шуд