«АНДАЛЕБ-2025». Ҳаваскорони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Фестивал-озмун гардиданд
ДУШАНБЕ, 30.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2025» гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар даври ниҳоии Фестивал-озмун 12 дастаи ҳунарии шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо ҳам сабқат намуданд. Ҷойи якумро ҳаваскорони санъати шаҳри Кӯлоб, ҷойи дуюмро ҳаваскорони санъати ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ва ноҳияи Файзобод ба даст оварданд.
Ҷойи сеюм насиби ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Ҳисор сазовор дониста шуд. Ҳамаи ғолибон ва иштирокчиёни даври ниҳоии Фестивал-озмун аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Диплом ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иброз намуд, ки Фестивал-озмун мусобиқаи солими эҷодӣ буда, новобаста аз ишғоли ҷойҳо, ҳамаи 12 шаҳру ноҳияҳое, ки ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд, ба раддаи аввалини беҳтарин дастаҳои ҳунарии мамлакат ворид гардиданд.
«Сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, он дар асоси дурнамои давлатӣ, барномаҳои рушди соҳа амалӣ мегардад. Бо мақсади рушду такомули соҳаи фарҳанг ва эҳёи анъанаҳои неки ниёгони тоҷикон дар замони соҳибистиқлолӣ тадбирҳои судманду саривақтӣ роҳандозӣ мешаванд»,-афзуд Вазири фарҳанги мамлакат.
Ҳифз ва эҳёи санъати бадеии халқӣ дар сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи махсус дошта, барои ташаккули он шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Яке аз тадбирҳои муҳим дар самти муаррифию дастгирии ҳаваскорони санъати бадеӣ-халқӣ ин баргузор намудани Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб» мебошад.
Фестивал-озмун тибқи иҷрои «Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025» ва Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, доир гардид.
Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин Фестивал-озмун аз соли 1996 шуруъ гардидааст. «Андалеб» идомаи «Бӯстон» аст, аммо доманаи барномаҳояш фарох мебошад. Дар «Андалеб» дар баробари суруди якка, бадеҳа, рақси якка, хор, намоиши театрӣ, ҳаҷву мутоиба, таронаи дигар халқҳо шаҳру ноҳияҳо ҳунарҳои дастӣ: кулолгарӣ, заргарӣ, оҳангарӣ, дӯзандагӣ, кандакорӣ, қаннодӣ, гулдӯзӣ, қаламзанӣ ва ғайраро ба маърази тамошо мегузоранд. Ҳамчунин дар барномаҳои ин фестивал маросимҳои мардумӣ аз қабили «гаҳворабандон», «саршӯён», «сартарошон», «ордбезон», «хирманкӯбон» ва ғайра пешкаш мешаванд.
«Андалеб» дар ду давр доир мегардад. Дар даври аввал ҳунармандон ва ҳаваскорони санъати ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар маҳалҳо мусобиқа менамоянд ва ғолибон ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд. «Андалеб» ба ривоҷу равнақи санъат ва ҳунари мардумӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
Китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» идома дорад
Китоби «Мероси таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе» аз чоп баромад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
«ҶАҲОНИ СИРК ДИЛҲОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД!». Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз меёбад
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид






