Ноҳияи Тоҷикобод ҳамсолу ҳампоя ва ҳамнафаси даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст

Сентябрь 21, 2016 11:02

Тоҷикобод, 21.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Даврони соҳибистиқлолӣ ба ноҳияи Тоҷикобод бурди зиёд оварда, имрӯз симои ноҳия ба кулли дигаргун гардидааст. Пешравӣ ва дастовардҳои беназири мардуми ноҳия чун меҳнаткашони дигар манотиқи Тоҷикистон, бешубҳа, самараи Ваҳдат, муттаҳидиву якдилӣ ва Истиқлолияту озодист.
Ноҳияи Тоҷикобод бори дуюм соли 1991 ташкил ёфта, ҳамсолу ҳампоя ва ҳамнафас дар даврони соҳибистиқлолӣ бо Тоҷикистон аст.
Тоҷикобод дар ҳайати ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ буда, дар қисмати шимолу шарқии он ҷойгир шудааст. Масоҳати ноҳия 734,4 киллометри муррабаъро ташкил намуда, аз ғарбу шимол ба ноҳияи Рашт, аз шарқ ба ноҳияи Лахш ва аз ҷануб ба ноҳияи Сангвор ҳамсарҳад мебошад. Ноҳия аз маркази ҷумҳурӣ- шаҳри Душанбе дар масофаи 240 км ҷойгир шудааст. Ба ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод ҷамоатҳои Қалъаи лаби об, Нӯшор, Шогадоев, Ширинчашма ва Лангари шоҳ дохил мешаванд, ки аҳолияш 42 ҳазору 863 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ соли 2015 — 123 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 1992- 290 маротиба зиёд шудааст.
Буҷети ноҳия соли 2015 — 21,8 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 1992 444 маротиба зиёд шудааст.
Маблағгузории соҳаи маориф дар соли 2015 нисбат ба соли 1992 290 маротиба ва нисбат ба соли 2006 43 маротиба зиёд шудааст. Дар ҳамин давраҳо маблағгузории соҳаи тандурустӣ мутаносибан 115 ва 6 маротиба зиёд шудааст.
Музди маоши миёнаи номиналии коргар мутобиқ ба маълумоти шуъбаи омори ноҳия соли 2015- 575 сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 1992- 24,6 маротиба ва нафақаи миёна дар соли 2015 нисбат ба соли 1992 — 103 маротиба зиёд шудааст.

Сентябрь 21, 2016 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад
«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
5 август дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мешавад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
4 август дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид