Посух ба мақолаи HRW «Тоҷикистон дар умқи буҳрони ҳуқуқи башар қарор дорад»: Чеҳраи хушбахти мардуми тоҷик аз ҳаёти ободу осуда дарак медиҳад

Сентябрь 22, 2016 15:49

Душанбе, 22.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Таҷрибаи талхи замони имрӯза собит менамояд, ки имрӯз кишварҳои абарқудрати ҷаҳон зимни талошҳо ва бозиҳои касифи геополитикӣ усулҳои наверо истифода бурда, қисме аз ҷомеаро бо дигараш ба гирдоби ҷанг мекашанд. Усули асосии чунин тарзи амалишавии ин гуна талошҳо истифодаи дини мубини ислом, аз ҷумла муллоҳо ва рӯҳониён дар минтақаҳои мухталифи Шарқ ба ҳисоб меравад. Ташкилоти ғайридавлатии Human Righth Watch ва Стив Свердлов- муҳаққиқи масоили Осиёи Марказӣ дар созмони Human Righth Watch аз ҷумлаи нафароне мебошанд, ки чунин сиёсати муғризона ва бадбинонаеро нисбат ба баъзе давлатҳо пеш мебаранд. Ин «ҳомиёни» ҳуқуқи башар ҳамон «ҳомиёне» мебошанд, ки чунин «пуштибонии» худро қаблан дар мамлакатҳое, чун Ироқ, Афғонистон, Сурия ва ғайра оғоз намуда буданд. Чун ғарази онҳо танҳо оғоз бахшидан ба даргириҳо ва нобасомониву ҷангҳои шаҳрвандӣ дар манотиқи зикршуда буд, баъди саршавии табаддулоту харобиҳо дар он кишварҳо ва ҳалокати ҳаррўзаи аҳолии он сарзаминҳо «эътироз» ва «пуштибонии» ин «ҳомиёни ҳуқуқи башар» нисбат ба он давлатҳо ва мардуми он зуд хомўш гардид. Акнун онҳо даъво намекунанд, ки чаро аҳолии осоиштаи ин мамлакатҳо ҳар рўз ба таҳқиру ҷароҳатбардориву ҳалокатҳо дучор мешаванд?
Дар филми мустанади «Тоҷикистон мунаққидонро дар дохил ва хориҷ шикор мекунад», ки дар мақолаи HRW: «Тоҷикистон дар умқи буҳрони ҳуқуқи башар қарор дорад» атрофи он баҳс меравад, ки фаъолони собиқ ҲНИТ ва Гурӯҳи 24 аз ҷумлаи нафароне буданд, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон танҳо хизмати чунин ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва хоҷагони хориҷиро иҷро мекарданд. Хайрхоҳони ҷаноби Кабирӣ дар давлатҳои ба мо дӯст бояд ҳушдор бошанд, ки дар саромади ҳодисаҳои хунбори солҳои 90-уми асри ХХ, куштори олими шинохтаи тоҷик Б. Исҳоқӣ, журналисти варзида Отахон Латифӣ, академикҳо М. Осимӣ, М.Ғуломов ва даҳҳо дигарон, ки зидди таассуби динӣ ва хурофот буданд, маҳз аз рӯи сенарияи таҳиягардидаи кабириҳо рух доданд. Мо дар тааҷҷубем, ки дӯстони мо дар хориҷи кишвар нодида мегиранд, ки дар саргаҳи ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе маҳз ҳамин ҷаноб ва ҳаммаслакони ӯ меистоданд. Маблағгузории гурӯҳҳои террористии Назарзода, байрақбардорони ДИИШ дар як қатор ноҳияҳои Тоҷикистон низ бар дӯши қаҳрамонони ин филм ( аз ҷумла Кабирӣ) аст. Магар вазъи ҳуқуқи башар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб нест, агар хуб намебуд, чаро мардуми давлати азизи мо бо якдилӣ ва ягонагӣ хушбахтии худро доимо тариқи расонаҳои хабарӣ ва умуман бо ҳар восита дар кўчаву хиёбонҳо нишон медиҳанд? Шумо ба симои мардуми шарифи Тоҷикистон нигаред, агар бино бошед, мебинед, ки онҳо хушбахтанд ва чеҳраи хушбахти онҳо аз ҳаёти ободу осуда дарак медиҳад. Шумо агар симои мардуми азияткашидаи моро дар солҳои 1991 медидед ва онро бо зиндагонии имрўзаашон муқоиса мекардед, ҳамааш аён мешуд. Аз ин ҷанобон (бахусус Стив Свердлов) пурсиданием: магар шумо бехабаред, ки маҳз сохторҳои ҳизби террористии мамнӯи Кабирӣ (ҲНИТ) ҷавонони камтаҷрибаи тоҷикро ба Сурия баҳри ҷиҳоди сохта равон намудаанд?
Магар шумо намедонед, ки кабириҳо дар байни мусулмонони Тоҷикистон мехоҳанд ҷудоиандозӣ намоянд?
Ва ниҳоят, як далели ҷадид: баробари гузоштани пои нопоки кабириҳо муносибати байни шиамазҳабҳову суннимазҳабҳо муташанниҷ гашт.
Лозим ба ёдоварист, ки дар кадом давлати демократии дунё кадом як ҳизб ё ҳаракати иҷтимоӣ кӯшиши ғасби давлатро мекунанду сохторҳои расмии давлатӣ ба ин падида беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд. Барои чӣ Амрико манфиатҳои худро дар ҳазор фарсах дуртар аз ҳудудаш, масалан, дар Афғонистон ё Русия дар Сурия ҳимоя мекунаду Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки як давлати соҳибистиқлол, дунявӣ ва демократӣ аст, ҳақ надорад, ки барои саодату суботи халқу кишвари хеш аз ҳар гуна амалҳои иғвогарона ва шўрангезе, ки барои ваҳдату суботи Ватан хатарнок мебошанд, ҷилавгирӣ намояд ва дар ҳудуди хеш манфиатҳои миллии худро аз ҳуҷуми ҳизбҳои ифротгаро дифоъ накунад?
Бинобар ин, аз муаллифи ин филм — Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ ва САҲА хоҳиш ба амал меорем, ки бофтаҳои бардурӯғи ин ду ҳаракати ифротгароро ба инобат нагирифта, нисбат ба Тоҷикистон, ки як давлати ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба ҳисоб меравад, чунин таҳлилҳои беасосро ба анҷом нарасонанд.
Ҳайати омӯзгорон ва профессорони
Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон

Сентябрь 22, 2016 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ ХАБАРНИГОРОНИ ҶАВОН». Таҳти чунин унвон дар Хатлон даври омӯзишӣ оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Дар рӯзҳои боронӣ дучанд эҳтиёт намоед!»
Намояндаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ дар Конфронси сатҳи вазирони Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ иштирок намуд
Ҳисоботи Тоҷикистон дар ҷаласаи пленарии Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда шунида шуд
Бо мақсади ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта бо иштироки масъулини соҳаи кишоварзии вилояти Суғд машварат баргузор шуд
Хизматрасониҳои алоқаро тақсим кунед!
«МУОИНАИ ТЕХНИКӢ». Дар 5 рӯз 1600 қоидавайронкунии маъмурӣ сабт гардид
Намоиш-озмуни ҷумҳуриявии «Меъмор-2024» баргузор мегардад
Доир ба нақши академик Аҳрор Мухторов дар омӯзиш ва таҳқиқи таърих ва фарҳанги халқи тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Дар Санкт-Петербург Форуми ҷавонони созмонҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Дар Душанбе афзалияти стратегии рушди шуғли пурмаҳсул баррасӣ гардид