Рӯзҳои наздик дар ҷумҳурӣ ҳавои софи бебориш пешгӯӣ мешавад

Сентябрь 21, 2016 16:51

Душанбе, 21.09.16. /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои наздик дар ҷумҳурӣ ҳавои софи беборишро пешгӯӣ менамоянд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз агентии мазкур хабар доданд, аз 22 то 25 сентябр дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон ҳавои софи бебориш дар назар дошта шудааст. Дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво ба 37 дараҷа хоҳад расид.
Дар вилояти Суғд низ ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шудааст. Ҳарорати ҳаво ба 33 дараҷа хоҳад расид.
Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм шуда, ҳарорат рӯзона 13-18 дараҷаро ташкил хоҳад дод. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 8-13, рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳаво 30- 35 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад.

Сентябрь 21, 2016 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд