Рашт: Занони рӯзгордида доир ба маърифати оиладорӣ сухан гуфтанд
Душанбе, 19.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Масъулини Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ ба минтақаи Рашт дар мавзӯи «Оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ва макони тарбияи фарзанд» суҳбати судманд доир карданд.
Дар мулоқот доир ба маърифати оиладорӣ ва муносибатҳои оилавӣ, пешгирии сатҳи бекоршавии ақди никоҳ дар байни оилаҳои ҷавон ва пешгирии никоҳи хешутаборӣ маълумоти зарурӣ дода шуд.
Дилошӯб Розиқов, намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вобаста ба масъалаи муносибати оилавӣ, раванди тарбияи фарзанд дар оила, назорати доимии волидайн аз болои фарзандон ва роҳҳои муваффақ гардидан дар зиндагиро ба ҷавонон фаҳмонида, онҳоро ба интихоби роҳи дурусти ҳаёт ҳидоят намуд.
Дар суҳбат занони рўзгордида иштирок намуда, аз ҳаёти худ қиссаҳои ҷолиб намуданд ва дар зиндагӣ мубориз буданро ба ҷавонон тавсия доданд.
Дар дигар ноҳияҳои минтақаи Рашт низ баргузории чунин вохӯрию суҳбатҳо пешбинӣ шудааст.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






