Семинари Гурӯҳи Авросиё барои намояндагони бахши хусусӣ
Душанбе, 24.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иҷрои барномаи муштарак дар хусуси омодагӣ ба даври дуюми баҳодиҳии тарафайн оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (МҚД/МТ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намояндагони Ассотсиатсияи бонкҳои ҶТ, Ассотсиатсияи аудиторони ҶТ, Иттифоқи адвокатони ҶТ, мутахассисони ташкилотҳои қарзӣ (бонкҳо), ширкатҳои суғуртакунанда ва ширкатҳои аудиторӣ семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар семинар мутахассисони Гурӯҳи Авросиё ба иштирокдорон дар мавриди нақши бахши хусусӣ ҳангоми баҳодиҳии тарафайн, мутобиқати баҳодиҳии меъёрҳои техникӣ ва дарки хавфу хатар ҳангоми баҳодиҳии тарафайн маълумот пешниҳод намуданд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти БМТ хабар доданд, иштирокдорони семинар дар навбати худ оид ба тарзу усулҳои ба роҳ мондани назорати дохилӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда ва маблағгузории терроризм дар ташкилотҳо сухан гуфта, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд. Зимнан, изҳори боварӣ карда шуд, ки семинари мазкур дар пешбурди фаъолияти низоми бонкии мамлакат, ташакули равобити хуби корӣ бо Гурӯҳи Авросиё оид ба МҚД/МТ, табодули таҷриба байни ташкилотҳои қарзӣ ва тарзи дурусти истифодаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Тавре пештар хабар дода будем,ин семинар бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ва Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм баргузор гардида, тӯли се рӯз ҳайати котиботи Гурӯҳи Авросиё мутахассисони сохтору идораҳои дахлдори давлатӣ ва ташкилоту ассотсиатсияҳои тиҷоративу ҷамъиятиро бо тартиби баҳодиҳии тарафайн дар хусуси муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм шинос намуда, ба иштирокдорони семинар бо овардани мисолҳо аз таҷрибаҳои беҳтарини дигар кишварҳо маслиҳатҳои муфид доданд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






