Шарҳи сардори Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба озмоиши бомбаи атомӣ дар Кореяи Шимолӣ

Сентябрь 14, 2016 16:41

Душанбе, 14.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Мо дар мавриди нигарониҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба озмоиши силоҳи ҳастаӣ дар санаи 9 сентябри соли 2016  дар Кореяи Шимолӣ ҳамақида ҳастем. Ин гуна иқдомҳои Пхенян таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ эҷод менамоянд», — гуфта мешавад дар шарҳи сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вафо Ниятбеков дар робита ба озмоиши бомбаи атомӣ дар Кореяи Шимолӣ.
Инчунин дар он омадааст: «Дар ин замина, мо аз талошҳо барои ҳалли қазияи ҳастаӣ дар нимҷазираи Корея аз тариқи абзорҳои сиёсию дипломатӣ ва инчунин изҳороти Шӯрои амнияти СММ ва Агентии байналмилалии энергияи атомӣ (IAEA), ки Кореяи Шимолиро барои иҷрои ҳатмии қатъномаҳои дахлдори ША СММ даъват намудаанд, ҷонибдорӣ мекунем».

Сентябрь 14, 2016 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард