Шиносоии Сарвари давлат бо вазъи соҳаи картошкапарварӣ ва дастовардҳои кишоварзии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Сентябрь 11, 2016 11:43

Душанбе, 11.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳамзамон дар хоҷагии деҳқонии «Валиғунд»-и ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар оғози чиниши картошка иштирок ва бо дастовардҳои кишоварзон шинос шуданд.

Ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки имсол аҳли заҳмати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони бештар аз 2 ҳазор гектар картошка кишт намуданд. Чиниши картошка нахуст бо истифода аз техникаи соҳавӣ дар хоҷаги деҳқонии «Валиғунд» оғоз шуд.

Майдони умумии хоҷагии деҳқонии «Валиғунд» 173 гектарро ташкил медиҳад ва имсол аъзоёни он дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 80 гектар кишти картошка гузарониданд.

Иқлими ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои парвариши навъҳои гуногуни картошка мувофиқ аст ва заҳмати пайвастаи кишоварзон дар доираи татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи картошкапарварӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 барои пешрафти соҳа ва зиёд шудани истеҳсоли маҳсулот имкон фароҳам овард.

Агар дар соли 1991 майдони кишти картошка дар ноҳия 283 гектар бошад, имрӯз майдони кишт дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба бештар аз 2 ҳазор гектар расонида шудааст, ки ин нишондоди баланд ва муваффақияти комили мардуми заҳматқарини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мебошад.

Имсол дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия навъҳои тухмии «Тоҷикистон», «Мастчоҳ-1», «Овчӣ», «Биг-Роза», «Манатоу», «Романсе», «Кардинал», «Алладин» ва дигар намудҳо кишт карда шудааст. Интихоби тухмиҳои ба иқлими ноҳия мувофиқ ва заҳмати пайвастаи кишоварзон барои зиёд шудани истеҳсоли маҳсулот имкон фароҳам оварда, тибқи дурнамо соли равон аз ҳар гектар аз 350 то 400 сентнерӣ ҳосил ба даст оварда хоҳад шуд.

Аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии «Валиғунд» бори аввал тухмии навъи «Биг-роза»-ро кишт карданд ва ҳосили интизории кишоварзон аз ҳар гектар 450 сентнерро ташкил медиҳад.

Дар маҷмуъ ҳосили интизории картошкаи аҳли заҳмати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар соли равон бештар аз 70 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Зимни шиносои бо шароити ҷойҳои нигоҳдории картошка иттилоъ дода шуд, ки аксари хоҷагиҳои деҳқонӣ маҳсулотро то фасли зимистон нигоҳ медоранд ва иқтидори ҳар яки он то 15 тонна картошкаро ташкил медиҳад. Баъдан маҳсулот дар фасли сармо ва аввали баҳор ба бозорҳои ҷумҳурӣ ворид карда мешавад.

Ҳамзамон дар ҳамин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо намоиши дастовардҳои аҳли заҳмати ноҳия шинос шуд. Дар намоишгоҳ навъҳои гуногуни картошка, гандум, ҷав, беда, себу зардолу ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод карда шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, айни замон дар ҳудуди ноҳия саршумори қутос ба 883 сар, чорвои майда дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ бошад ба наздики 113 ҳазор ва саршумори чорвои калон ба 14616 сар расидааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти мувофиқ будани иқлими ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зиёд намудани саршумори қутос, моли майда ва дар маҷмӯ тараққи додани соҳаро аз ҳисоби зотҳои сермаҳсул мувофиқ арзёбӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2010 ҳангоми шиносои бо фаъолияти картошкапарварон ва мулоқот ба сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои васеъ намудани майдони кишт ва зиёд кардани истеҳсоли он дастур дода буданд. Маҳз иҷрои дастуру супоришҳои саривақтии Пешвои миллат ва татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи картошкапарварӣ барои солҳои 2012-2016 имкон фароҳам овард, ки майдони кишт ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадриҷан зиёд шавад.

Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ оянда соҳаи кишоварзӣ бо истифода аз имконоти муфид, роҳандозии тадбирҳои саривақтӣ, истифодаи техникаю механизмҳои мавҷуда ва заҳмати пайвастаи кишоварзон тараққи дода мешавад.

Сентябрь 11, 2016 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ба фаъолияти Маркази таълимӣ ва забономӯзии «Ориё» расман оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ боғчаи бачагонаи «Маҳдия»-ро ба истифода супориданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ба таври фосилавӣ 20 иншооти таъиноташон гуногун ва 70 километр роҳҳои маҳаллиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Меҳмонхона ва Маркази хизматрасонии «Эҳсон»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Беморхонаи хусусии «Тибби Ҳулбук»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ ташриф оварданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 8 иншоотро дар ноҳияи Фархор ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор бинои нави Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор бинои нави Шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи омӯзгорон
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»