Суди конститутсионӣ баъзе сархатҳои Оинномаи КВД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ»-ро ба моддаи 12 Конститутсияи ҶТ номувофиқ номид

Сентябрь 27, 2016 16:01

Душанбе, 27.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии Маҳкам Маҳмудзода, раиси Суди конститутсионии ҶТ парванда аз рӯи дархости директори генералии ҶДММ «Наҷот»-и шаҳри Исфара Н. Исомадинова «Дар хусуси муайян намудани мувофиқати сархатҳои чорум, чордаҳум ва ҳабдаҳуми банди 2.4, банди 4.1, сархатҳои якум, дуюм ва ҳафтуми банди 4.4-и Оинномаи КВД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ», ки бо фармоиши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 тасдиқ карда шудааст, ба моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид.
Суди конститутсионӣ ин дархостро мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода, зикр кард: «Дар низоми кафолатҳои давлатии эълондоштаи Конститутсия, кафолати фаъолияти озоди соҳибкорӣ мавқеи марказиро ишғол менамояд ва яке аз унсурҳои муҳими рушди мутаъдили соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар ба шумор меравад.
Машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун унсури асосии принсипи конститутсионии озоди иқтисодӣ, ифодаи озод будани соҳибкорӣ буда, яке аз ҳуқуқҳои асосӣ ва муҳими иқтисодӣ, инчунин имконият ва василаи татбиқи ҳуқуқи иҷтимоии инсон ва шаҳрванд маҳсуб мешавад ва бо санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва қонунгузории кишвар кафолат дода мешавад». Ин кафолат аз шаклҳои гуногуни моликият асос ёфтани иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла моликияти хусусӣ, инчунин иҷтимоӣ эълон шудани давлат маншаъ мегирад, ки бе татбиқи амалии он бунёди ҷомеаи воқеан иҷтимоӣ ва иқтисоди бозаргонии дар муносибатҳои иқтисодӣ рақобатпазир ғайриимкон мебошад.
Тавассути Оиннома ба КВД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» вогузор намудани ваколатҳои идоракунӣ, инчунин татбиқи ин ваколатҳо боиси маҳдуд кардани фаъолияти озоди соҳибкорӣ, додани бартарӣ ба субъекти алоҳидаи хоҷагидорӣ ва ба миён овардани рақобати бевиҷдонона гардида, кафолати фаъолияти соҳибкории пешбининамудаи моддаи 12 Конститутсияи ҶТ-ро нисбат ба ҶДММ «Наҷот» поймол ва маҳдуд намудааст. Бинобар ин, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон сархатҳои чорум, чордаҳум ва ҳабдаҳуми банди 2.4, банди 4.1, сархатҳои якум, дуюм ва ҳафтуми банди 4.4-и Оинномаи КВД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ»-ро ба моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номувофиқ арзёбӣ кард.

Сентябрь 27, 2016 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад