Таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт
Душанбе, 02.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз 18 то 23 сентябри соли равон дар Давлати Кувайт бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати Кувайт ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва пойтахти фарҳанги исломӣ эълон шудани Давлати Кувайт маҳфилҳои фарҳангӣ доир мегарданд.
Дар маҳфилҳои фарҳангӣ Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Саидқул Билолов, ҳунарпешагони Муассисаи давлатии «Мактаби рақсии Зебо Аминзода», ансамбли созҳои миллӣ аз «Кохи Рӯдакӣ», гурӯҳи асбобҳои зарбӣ бо роҳбарии Хайрулло Дадобоев ва пианинонавози ҷавон Ҷаннат Ҳусейнзода санъати тоҷикро муаррифӣ хоҳанд кард.
Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






