Таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Фаронса

Сентябрь 20, 2016 09:10

Душанбе, 20.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри зиёфатҳои шоҳонаи Париж (Pavillon Royal) 16 сентябр 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд. Таҷлили ҷашни миллӣ бо иштироки намояндаҳои расмӣ аз вазорату идораҳои Фаронса, парлумони Фаронса, сафирону намояндагони дипломатии муқими Париж, доираҳои илмиву фарҳангӣ ва соҳибкорони маҳалливу хориҷӣ, инчунин ҷамъияти тоҷикон дар Фаронса бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.
Дар барномаи ҷашнӣ намоишгоҳи муҷассамаҳои ҳайкалсози тоҷик, Сафири сулҳ дар созмони ЮНЕСКО Амрӣ Аминов баргузор гардида, инчунин намунаҳои санъати рассоми тоҷики муқими Русия Қодир Раҳимов ва наққошиҳои миллӣ ба мазҳари ом гузошта шуданд. Скрипканавози тоҷик хонум Шафақ Қосимова бо гурӯҳи эҷодии худ хотири ҳозиринро бо мусиқиҳои дилкаши миллии тоҷикӣ болида сохт. Инчунин ба таваҷҷуҳи меҳмонон навори видеоӣ ва аксҳои зебо пешниҳод гардиданд, ки табиати нотакрор, имкониятҳои сайёҳӣ, фарҳанг, мусиқӣ ва ҳунарҳои миллии тоҷиконро инъикос мекунанд. Бар замми ин, барои ҳозирин гӯшаи Тоҷикистон бо маводи чопӣ дар бораи таъриху фарҳанг ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

 

Сентябрь 20, 2016 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад