Таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маскав
Душанбе, 14.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар меҳмонхонаи Ритс-Карлтони шаҳри Маскав ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса маросими идона барпо намуд.
Дар ҷамъомад намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, доираҳои илму фарҳангии Федератсияи Русия, корпуси дипломатӣ, расонаҳои иттилоотии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ҷамъияти тоҷикон, донишҷӯён ва шаҳрвандони тоҷик, ки феълан дар Русия таҳсил ва фаъолият доранд, ширкат варзиданд.
Дар ҷамъомад Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Имомуддин Сатторов доир ба аҳаммияти сарнавиштсози Истиқлолият дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон ва дастовардҳои беназири кишвар, ки маҳз дар ҳамин даврон ба даст омадаанд, аз ҷумла гуфт, ки: «Мо аз он шукр менамоем, ки дар лаҳзаҳои душвортарин барои Тоҷикистон ва мардуми он, раҳбарии кишварро Асосгузору сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда гирифт. Маҳз бо шарофати худфидоӣ, хирадмандӣ, ояндабинӣ ва иродаи мустаҳками ин шахс сулҳу субот ва рушди пайваста дар кишвар ҳукмфармо гардид».
Муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Василий Небензя аз номи роҳбарияти кишвараш ба давлат ва мардуми тоҷик ҷашни Истиқлолияти давлатиро муборакбод гуфта, Тоҷикистонро шарики калидӣ ва боэътимоди Русия дар Осиёи Марказӣ номид.
Дар даромадгоҳи макони ҷамъомад намоишгоҳи аксҳо аз дастовардҳои даврони истиқлолият манзури меҳмонон гардонида шуд, ки ҳозиринро бо дастовардҳои кишвар дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангу маориф ва табиати зебою имкониятҳои ғании сайёҳии Тоҷикистон ошно менамуд.








ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид






