Таҷлили Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон дар Миср
Душанбе, 10.09.2016. /АМИТ “Ховар”/. 8 сентябри ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Софител Ал-Ҷазира”-и Қоҳира ба муносибати 25-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёфати расмӣ барпо гардид. Дар ин маросим муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Миср Ёсир Мурод иштирок намуд. Дар ҳамоиши мазкур инчунин аъзои парламенти Миср, сафирон ва дипломатҳои хориҷии муқими Қоҳира, намояндагони вазорату идораҳои гуногуни ин кишвар ва расонаҳо, аҳли илму фарҳанг ва бозаргонони кишвари маҳалли иқомат ва шаҳрвандону донишҷӯёни тоҷик ҳузур доштанд.
Дар суханони шодбоши худ сафири Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозирӣ бар аҳаммияти сарнавиштсози Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ дар ташаккул ёфтани давлатдории навини тоҷикон ва такомули он дар роҳи сулҳ ва пешрафту шукуфоӣ таъкид намуд.













Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






