Терроризми байналмилалии муосир ва экстремизми динӣ ба амнияти тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид мекунад
Душанбе, 23.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо ҳаракати ҷамъиятии «Дӯстони Русия» дар мавзӯи «Таҳдиду хатарҳои нав аз тарафи ДИИШ барои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ» ҳамоиш баргузор гардид.
Дар он коршиносони мустақил, намояндагони гурӯҳҳои ҷамъиятӣ, кормандони вазорату идораҳои дахлдор, инчунин намояндагони корпуси дипломатӣ ширкат варзиданд.
Дар ҳамоиш зикр гардид, ки терроризми байналмилалии муосир ва экстремизми динӣ ба хатари ҷаҳонии муосир табдил ёфтааст ва он ба амнияти тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид мекунад.
Зимни муҳокима ба масъалаи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар соҳаи мубориза ва пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба терроризм ва экстремизм таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд. Намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати ҳозиринро ба нақши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ки аз тарафи экстремистон фаъолона бо мақсади ҷалби ҷавонон ба сафҳои худ истифода мешавад, ҷалб намуд.
Ҳамчунин вазъияти ҳарбию низомӣ дар кишварҳои Шарқи Наздик мавриди мубоҳисаи васеи коршиносон қарор гирифт. Аз тарафи онҳо сенарияҳои эҳтимолии руди вазъият дар Сурия, Ироқ ва Афғонистон дар робита ба ҳамкории ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза алайҳи ДИИШ пешгўйӣ карда шуд.
Инчунин зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз иштирокдорони фаъоли мубориза алайҳи таҳдиду хатарҳои нав ба монанди экстремизм ва терроризми байналмилалӣ мебошад.
Дар хотимаи мизи гирд иштироккунандагон якдилона изҳор доштанд, ки бо терроризми байналмилалӣ ва экстремизми динӣ бояд дар миқёси ҷаҳон мубориза бурда шавад, зеро он дар ду бадбахтии умумии тамоми инсоният аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






